Амонзода: дар соли 2020 муҳоҷирати меҳнатӣ 76 дарсад кам шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки соли гузашта нисбат ба соли 2019 шумораи тоҷиконе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 76 дарсад кам шудааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.  Ширин Амонзода, имрӯз зимн нишасти матбуоть гуфт, ки соли гузашта аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар рафтааст, ки аз ин 117 912 нафар ба Русия ва 4574 нафар ба Қазоқистон рафтаанд.
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Амонзода аз сафари наздики 200 муҳоҷири дигар хабар дод: миёни онҳо ихроҷшудаҳо низ буданд
Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон соли 2020 иттилоъ додааст, ки баландтарин маош 2376,2 ва пасттарин маош 561,1 будааст, ки баландтарини он ба бахши сохтмон ва пасттарини он ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ рост меояд.
“Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон  соли 2020 то 3,9 дар сад боло рафта, бар муқоиса бо соли 2019 1377,17 сомониро дар бар гирифтааст”, - гуфт вазир. 
Ба назари Амонзода, нишондиҳандаи беҳтарро дар ин бахш ВМКБ дорад, ки дар ин вилоят то 10,2 дарсад боло рафтааст. Дар Хатлон 5,9, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 5,2, Суғд - 4,1 ва Душанбе - 1,5 дарсад будааст. 
Ширин Амонзода зикр кард, ки дар соли гузашта 193 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Шумораи бекорон бештар аз 136 ҳазор будааст. Вазир мегӯяд, инҳо онҳое ҳастанд, ки расман барои кор муроҷиат кардаанд ва 103,4 ҳазори онҳоро ҳамчун нафарони дар ҷустуҷӯйи кор номнавис кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала