“Қарзҳои сархӯр”: чаро Бонки миллӣ иҷоза дод, ки бонкҳо муфлис шаванд?

© Sputnik Игорь ЛекаркинТоджиксодиротбанк. Архивное фото
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон як ба як мушкили бонкҳои муфлисшударо баршумурд, аҳволи имрӯзии онҳоро баён кард ва роҳи наҷотро гуфт. Аз нигоҳи ӯ, сарнавишти онҳо ба заъфи мудирият ва то ҷое ғафлати эҳтимолии танзимгар – Бонки миллӣ бастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Фахриддин Холбек. Ҳоким Холиқзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон “оё дар мушкили бонкҳои муфлисшуда то куҷо танзимгар - Бонки миллӣ муқассир аст?”, гуфт, қабл аз ҳама ин мушкил аз сатҳи заифи мудирияти корпоративии худи бонкҳо бармеояд, ки қабл аз танзимгар бояд хавфҳои худро худ муҳосаба мекарданд.
“Бояд ҳар як хавфе, ки ҳаст, чӣ қарзӣ бошад ё фоизиву амалиётӣ, аз сӯи онҳо пешбинӣ мешуд. Мутаассифона, надиданд. Мушкили аслӣ роҳбарӣ ва мудирияти нодуруст дар замони буҳрони молиявию иқтисодӣ аст. Эҳтимолан аз сӯи танзимгар – Бонки миллӣ низ хато содир шудааст, аммо бонкҳо тиҷоратӣ буданд ва мебоист худашон манфиатдор мебуданд, ки ба ин мушкилот дучор нашаванд”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

“Хатти сиёҳ”

Сухан аз чаҳор бонки Тоҷикистон - “Тоҷпромбонк”, “Фононбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” меравад, ки тайи солҳои ахир ба куллӣ муфлис шуданд ва ё миёни будану набудан даступо мезананд.
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд
Намунаҳои боризи бонкҳои муфлисшуда – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” - анд, ки имрӯзҳо охирин нафасҳои худро мекашанд. Ба қавли раиси Бонки миллӣ, “Фононбонк”, ки 27 феврали соли 2017 аз муҷаввизи фаъолият маҳрум шудааст, дар оғоз аз шахсони воқеӣ ё амонатгузорон 71,5 миллион сомонӣ қарздор буд ва то 1 январи соли равон ин қарз ба 5, 2 (моҳи июли соли гузашта - 12) миллион коҳиш ёфт.
“Фононбонк” 93% - и уҳдадориҳои қарзиашро иҷро кардааст. Охири моҳи декабр мо бо мудири махсус (ё шахси масъули барҳамдиҳиҳӣ) – и бонк ҷаласа доштем. Ба мо гуфтанд, ки моҳи феврал уҳдадорӣ (қарзҳо) –и худро пурра бартараф мекунад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
Дар қиёс бо “Фононбонк”, бонки муфлисшудаи дигар - “Тоҷпромбонк” ҳамоно дар миёнаи “хатти сиёҳ” – и худ аст. Ба қавли раиси Бонки миллӣ, кор ба ин ҷо кашидааст, ки 5 моҳи қабл мудири махсуси ин бонк барканор ва мудири нав таъйин карда шуд, зеро раванди барҳамдиҳӣ хеле кунд пеш мерафт.
“3 марти соли 2017, замоне, ки муҷаввизи бонк бозпас гирифта шуд, ин бонк аз шахсони воқеӣ ё амонатгузорон 174,8 миллион сомонӣ қарз дошт. Ҳоло ин рақам ба 49 (моҳи июли соли гузашта - 65) милллион сомонӣ пойин омада, бонк 72% - и уҳдадориҳояшро иҷро кардааст. Дороиҳояш дар ҳоли ҳозир 320 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки барои пурра анҷом додани уҳдадориҳо пеши амонатгузорон кифоят мекунад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

Ё ин тараф, ё он тараф?

“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва то ба ҳол, ба истилоҳ, миёни маргу зиндагӣ ҷон мекананд. Ҳукумати Тоҷикистон ихтиёри кори онҳоро аз раҳбарияташон гирифта, ба вазорати молия вогузор кард ва ҳоло барои наҷоташон талош мекунад.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2020
Се сол боз “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” қарзи мизоҷонро намедиҳанд. Чаро?
“Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт ва бино ба иттилои Бонки миллӣ, ҳоло дар ҳадди қариб 4 миллиард, бо тағйири андаки 0,60% - и коҳиш, онро нигоҳ медорад.
Ҳоким Холиқзода гуфт, ин бонк дар оғоз 3 миллиарду 700 миллион сомонӣ аз мизоҷонаш қарздор буд ва то ба ҳол 1 миллиарду 274 миллион сомонӣ ё 65% - и онро адо кардааст.
“Уҳдадории қарзӣ пеши шахсони воқеӣ аз 1 миллиарду 200 миллион сомонии аввал ба 344,6 (моҳи июли соли гузашта – 444) миллион ё 71% поён омада, 70% - и муштариён амонатҳои худро бозпас гирифтаанд”, - гуфт раиси Бонки миллӣ.
Аз рӯи оморе, ки Бонки миллӣ ироа мекунад, вазъи “Агроинвестбонк” ҳамоно беҳбуд наёфтааст. Бино ба ин манбаъ, дороиҳои ин бонк ҳоло ба 1,6 миллиард сомонӣ, ё 17% кам аз замони мувоҷеҳ шуданаш ба буҳрон, коҳиш ёфтаанд.
Раиси Бонки миллӣ гуфт, қарзи бонк ҳоло 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 44% кам шудааст.
“Дар назди шахсони воқеӣ 1 миллиарду 247 миллион сомонӣ ӯҳдадории қарзӣ дошт, ки ин рақам ҳоло ба 661 (моҳи июли соли гузашта – 750) миллион сомонӣ ё 50% поин омадааст”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳама бонкҳои фавқуззикр тавсия шудааст, ки дороиҳои худро фурӯшанд ва хароҷоти худро кам кунанд, то қабл аз ҳама, уҳдадориҳо дар назди шахсони воқеӣ ё амонатгузоронро кам кунанд
“Ҳоло мушкили аслие, ки вуҷуд дорад, саривақт фурӯхта натавонистани иншооту биноҳо аз сӯи ин бонкҳо аст. Ин кор вақтро талаб мекунад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

“Бачаҳои угай” ё саркаш

Аз далоили буҳронӣ шудани вазъи чор бонки болоӣ ҳарфҳои зиёде гуфта мешавад, аммо боризтарини онҳо ҳамоно қарзҳои бузургеанд, ки ба истилоҳ, сари онҳоро хӯрдаанду мехӯранд.
Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки “оё эҳтимоли ба сарнавишти бонкҳои дигар дучор омадани “Амонатбонк” вуҷуд дорад?” гуфт, ки ҳамчунин дурнамо пешбинӣ намешавад, зеро ин бонк бо қарзҳои бузург сарукор надорад.
“Бино ба як қарори Бонки миллии Тоҷикистон, қарзи калонтарине, ки “Амонатбонк” бояд диҳад, аз 5 миллион сомонӣ ё ҳудуди 500 ҳазор доллар набояд зиёд бошад”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Аз ин посухи раиси “Амонатбонк” бармеояд, ки Бонки миллӣ ду соли пеш мутаваҷҷеҳи мушкил шуда, ин бонки давлатиро ҳушдор додааст. Аммо суоли мантиқӣ ҳам ин аст: чаро минҳайси танзимгари соҳаи бонкӣ, аз оғоз мутаваҷҷеҳи бонкҳои дигар нашуд?
Раиси Бонки миллӣ бо зикри “хатои эҳтимолии танзимгар” гуфт, ки онҳо бонкҳои тиҷоратиянд ва ин ба он маъност, ки онҳо истиқлоли амал доранд ва мушкил дар мудирияти заъифи онҳост.
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
“Ретсепт”–и раиси “Амонатбонк” барои муфлис нашудани бонкҳо
Маълум аст, ки “Амонатбонк” бонки давлатӣ аст ва масъулияти фаъолияти онро ҳукумати Тоҷикистон бар дӯш дорад. Аммо оё ин ҳам иҷоза медиҳад, ки бонкҳои ғайридавлатӣ ба масобаи, ба истилоҳ, “бачаҳои угай” дида шаванд?
Як корманди собиқи Бонки миллии Тоҷикистон, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, дар гузашта бонкҳои ғайридавлатӣ агарчи расман таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон буданд, дар амал онҳо озодии бештари амал дар сиёсату фаъолиятҳоиҳои худро доштанд ва ба истилоҳ, БМТ-ро писанд намекарданд.
“Агар БМТ солҳои пеш сиёсатеро пеш мегирифт, ки 5 соли қабл мо гирифтем, шояд ба ин вазъ омада намерасиданд. Ин ба он маъност, ки раҳбарияти қаблии БМТ ё диди дуруст аз хавфҳои эҳтимолиро надошт, ё гирифтори дигар мушкилоте буд, назири назорати суст, сатҳи пасти идоракунӣ, непотизм, бемасъулиятӣ ва факторҳои инсонӣ. Бо ин вуҷуд, талошҳои ҷараён доранд, ки ду бонк - “Агроинвестбонк” ва “Тоиксодиротбонк” наҷот дода шаванд”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, бонкҳои муфлисшуда ва рӯ ба муфлисӣ ба мизоҷони худ, ки аксаран ширкатҳои ватаниянд, аз 10 то 500 миллион сомонӣ дар гузашта қарз дода будаанд. Кор ба ин ҷо кашидааст, ки аз ҷумлаи мизоҷони танҳо “Агроинвестбонк” ҳоло раҳбарону масъулини 37 корхона дар боздоштгоҳ қарор доранд. Иттилои кофӣ дар ин маврид нест, аммо ин далел худ вусъати фоҷиаи бонкҳоро барҷастатар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала