Фаридун аз зиддиятҳои падар, муносибатҳо бо Ҳабиб ва сирри пирӯзӣ: зораву тавалло кардам

© Акс аз бойгонии Фаридун Одилов Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Фаридун Одилов, варзишкори номии тоҷик, ки ҳаводоронаш баъди як пирӯзиаш дар Маскав унвони қаҳрамониаш медиҳанд, мегӯяд ба пирӯзии ахираш боварӣ надошт. Ӯ меафзояд, "ҳамаш хости Худованд буд"
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Фаридун Одилов ду рӯзи ахир аст, ки дар авҷи шӯҳрат қарор дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз акси варзишкор ва таҳсинҳои саршор нисораш. Ҳаводорони варзиш қаҳрамонаш мехонанд.
Аслан, исми Фаридун Одилов дар варзиши Тоҷикистон нав нест: ӯ танҳо дар риштаи самбо қаҳрамони 5-каратаи ҷумҳурӣ аст. Дар ҳамин ришта қаҳрамони Осиё низ шудааст. 
 Аммо пирӯзии ахири Фаридун дар муҳорибаҳои тарзи омехта, номи ӯро дар дохилу хориҷи кишвар машҳуртар кард. Акнун, Одилов, дастпарвари клуби "Аҳмад Тоҷикистон" соҳиби ду камарбанди EFC аст.
Фаридун Одилов VS Сергей Калинин: фильм-интервью - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Рақобати EFG : чӣ гуна Фаридун Одилов барои мубориза бо Калинин омодагӣ мебинад - видео
Фаридун Одилов, варзишкори номии тоҷик дар соҳаи самбо, гӯштин ва муҳорибаҳои омехта 9 феврал дар Маскав дар мусобиқаи Eagle Fighting Championship (EFC) ба ҳарифи русаш Сергей Калинин пирӯзии мутлақро ба даст овард.
Sputnik Тоҷикистон бо ситораи варзиш мусоҳиба кард ва сирри муваффақиятҳояшро пурсон шуд. Фаридун дар ин сӯҳбат аз муносибати хонаводааш бо муҳорибаҳои омехта, муносибатҳояш бо варзишкори машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳиссиёташ аз пирӯзӣ нақл кард.

Касе маро ба варзиш маҷбур накардааст: -кӯдакӣ, падар ва саҳархезӣ

- Фаридун меҳри варзишро дар дили шумо кӣ бедор кард ва чигуна ба ин роҳ рафтед?
- Варзиш - "касб"-и авлодии хонаводаи мост. Падарам хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе, устоди варзиш ҳастанд. Дар кӯдакӣ доим падарро машғули тамрин медидам. Ман, ки писари калонии хонавода будам, дар бари падар саҳаргоҳон медавидам. 
- Машқро дар  чандсолагӣ сар кардед, оё шуморо ҳам ба тамрин кардан маҷбур мекарданд?
- Саҳархезиро маҷбур мекарданд, машқро не. Ман худамро дар ёд дорам, ки машқ мекунам, хело хурд будам. Тамрини бадан - дар хонаводаи мо дар реҷаи ҳаррӯза дохил мешавад ва ҳатмист. Падарам машқ мекард, ман машқ мекардам ва ҳоло додаронам тамрин мекунанд.
- Ба варзиши касбӣ кай пайвастед?
- Вақте мактабхон будам, падарам ба соҳаи маориф гузаштанду манро барои тамрин назди дигар мураббиҳо, ба назди Абдувосид Шодиев барои тамрини гӯштин равон карданд.
 Баъди хатми мактаб, соли 2010 ман ҳам бо роҳи падар рафтам - ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе дохил шудам ва соли 2015 соҳаи омодагии дифои ҳарбии донишкадаро хатм кардам.
Фаридун Одилов vs Сергей Калинин полный бой
Фаридун Одилов vs Сергей Калинин полный бой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Фаридун Одилов vs Сергей Калинин полный бой

Муҳорибаҳои омехта, мухолифати падару модар ва пирӯзиҳои пай дар пай

- Шумо дар риштаи самбо ба муввафақиятҳо ноил гаштед. Чаро ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муҳорибаҳои омехтаро  пеш гирифтед?
- Соли 2015 ман дар мусобиқаи самбо 5-ум бор қаҳрамон шудам. Дар ҳамон ҷо як устоди варзиш ба ман пешниҳод кард, ки дар муҳорибаҳои омехта низ қувваи худро санҷам. Аз соли 2016 муҳорибаҳои ман дар ин ришта низ сар шуданд.
Як сабаби дигар ҳам ҳаст. Барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 сахт омодагӣ дида будам, аммо роҳхатро  ба даст оварда натавонистам. Каме дилшикаста шудам ва маҳз баъди ҳамин тасмимам дар муҳорибаҳои омехта ҷиддӣ шуд.
- Касе аз хонаводаатон садди роҳатон нашуданд?
- Дар авал ҳам падар ва ҳам модарам мухолифи муҳорибаҳои ман дар ММА буданд. Падарам феълан ин иқдоми маро қабул кардааст, вале модарам то ҳол таъкид мекунанд: саломатиатро эҳтиёт кун. Баъзан, пешниҳод ҳам мекунанд: "бас кун ин намуди варзишро".
- Ин чандумин муҳорибаи шумо дар муҳорибаҳои омехта аст?
- Ин бори 15-уми аст, ки ман ба октагон мебароям. 11 пирӯзӣ дорам, 2 бор мағлуб шудам ва 2 маротиба бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом расид.
Размикори тоҷик Фаридун Одилов, Калининро буғӣ карда, қаҳрамон шуд - видео
- Кадом заифиҳои Сергей Калинин ва ё кадом бартариҳоятон боиси пирӯзии шумо гаштанд? Ба ин бозӣ чанд вақт омодагӣ дидед?
- Барои бозӣ 2,5 моҳ омодагӣ дидам. Тамринҳо қисман дар Душанбе буданд ва қисми дигарашон дар Маскав идома ёфтанд. Ман фикр мекунам бартарии асосии ман дар таҷрибаам буд. Калинин аз ҳамин ҳисоб натавонист ба ман пирӯз шавад.
- Усули буғӣ карданро, бори нахуст истифода кардед?
- Дар муҳорибаҳои омехта мо бояд тактикаҳои гуногунро истифода барем. Аз ҷумла буғӣ карданро. Ин усул бароям нав нест ва истифода аз он ҳаққи варзишкории ман дар риштаи муҳорибаҳои омехта аст.

Ҳабибро шахсан намешиносам. Ба пирӯзӣ боварӣ надоштам...

- Ҳамкориҳоятон ба "Аҳмад Тоҷикистон" чигуна сар шуданд? Бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори номии доғистонӣ ҳамкорӣ доред?
- Бо Ҳабиб шахсан шинос нестам. Дар ҳамин муҳорибаи ахирон бори нахуст ӯро дидам. Сӯҳбати кӯтоҳи мо дар майдон буд, тамом. EFC ташкилоте, ки муҳорибаро ташкил кард, марбут ба Ҳабиб аст.
Бо бошгоҳи "Аҳмад Тоҷикистон" ва президенти он Раҷабалӣ Баёнов бошад, ҳамкориҳоямон аз соли 2016 сар шуданд. Зери назорати ӯ машқ мекунам ва маҳз бо дастгии Баёнов дар муҳорибаҳо ширкат меварзам. 
- Дар муҳорибае, ки Ҳабиб дар Душанбе ташкил карданист, ширкат мекунед?
- Намедонам. Аммо бояд қайд кард, ки  гузаронидани муҳорибаҳои тарзи омехта як мудат дар Тоҷикистон мамнӯъ буданд. Чанде пеш иҷозат доданд ва ташкили чунин муҳориба боиси хурсандии мо аст. Ҳабиб аз ин иқдомаш дар ҳамон муҳорибаи шоми 9-уми феврал низ эълон кард ва гуфт, ки дархостҳои ҳаводорони ин ришта аз Тоҷикистон зиёд аст.
- Ифодаи эътиқоди варзишгар дар майдон ба фикри Шумо бо кадом сабаб аст? Диндорӣ ба шумо нерӯ мебахшад? 
- Ман дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Фақат гуфтан мехоҳам, ки ҳиссиёте, ки пеш аз мусобиқа варзишгарро фаро мегирад, худаш медонаду Худованд... 
Хушкадам Хусравов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2019
Нуҳ самбочии тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунанд
Ман ҳам пеш аз мусобиқа пеш аз мусобиқа аз Худованд бисёр зораву тавалло кардам, ки пирӯзиро насиби ман гардонад. Фақат такя бар Худо карда будам, вақте ки камарбандро гирифтам, шукрона кардам ва ин ҷо ягон худнишондиҳӣ набуд, ҳама аз таҳти дил буд.  Ман боварӣ надоштам, ки ғолиб меоям.
- Нахустин фикре, ки пас аз пирӯзӣ ба саратон омад, чӣ буд?
- Оҳи сабук ва як фикр, "тамоми заҳматҳои кашидаам барои ҳамин буданд".

"Тоҷикистон ба пеш"

- "Тоҷикистон ба пеш" - шиори Шумост?
- Бале, шиори бошгоҳи мост. Ин шиор аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон, ки бисёр варзишгаронро дастгирӣ мекунанд, маншаъ мегирад. Аз ман ҳам ҳаст.
- Дар як рӯз чанд соат машқ мекунед ва оё вазнатонро танзим мекунед: дар шумо ҳам "парҳез" ҳаст?
- Қариб тамоми рӯз ман дар толори машқам: дар як вақт мураббӣ ҳам ҳастам ва варзишкоронро субҳу шом машқ меомӯзам. "Диета" надорам, вале вазнамро танзим мекунам - камарбанди нахустинам  дар вазни 93 кило буд, дувуминаш дар вазни 84 кило.
- Чаро шуморо Фаридуни "терминатор" мегӯянд?
- Намедонам, ин саволро ба Раҷабалӣ Баёнов диҳед, ки ин лақабро вай ба ман додааст.
- Пирӯзии шумо ҷоизаи пулӣ ҳам дошт?
- Бале, мусобиқаҳо албатта бидуни ҳавасмандкунии молӣ намешаванд, аммо ҳаҷмаш махфист.
- Беҳтарин варзишкорони ҷумҳурӣ ба фикри Шумо киҳоянд?
- Комроншоҳ Устопирён, Баҳодур Усмонов, Дилшод Назаров ин рӯйхат дароз аст.
- Ғайр аз варзиш, ҳунари дигаре ҳам доред?
- Аз ӯҳдаи хӯрокпазӣ мебароям: тухмбирён омода мекунам. (механдад - идора).
- Боре аз баҳри варзиш баромадаед?
- Рӯҳафтода шудам, аммо аз баҳри варзиш набаромадам.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2021
Беҳтарин варзишгарони соли 2020 аз нигоҳи мухлисони сомонаи "Варзиш"
- Нақшаҳои Шумо?
- Ҳар медале, ки аз хориҷ ё аз дохил мегирифтам, ба падарам мебурдам. Камарбанди нахустинам, ки моҳи окятбри соли 2020 ба даст омад, тақдими падарам гашт. Ин бор ният кардам, ки агар камарбанд гирифтам ба модарам мебарам. Вақте ба Тоҷикистон рафтам, камарбандро ба модарам тӯҳфа мекунам.
Мехоҳам дар оянда ба октагонҳои ҷаҳонӣ, ба UFC роҳ ёбам ва номи Ватанамро муаррифӣ кунам. 
Фаридун кист?
Фаридун Одилови 28-сола зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аст. Хатмкардаи факултаи Омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов, қаҳрамони панҷкаратаи мусобиқаҳои самбои ҷумҳурӣ, қаҳрамони Осиё дар риштаи самбо ва ҳамакнун соҳиби ду камарбанд дар муҳорибаҳои омехта.
Асосан дар вазни 84 килограм вориди муҳорибаҳо мешавад. Ӯ дар риштаи муҳорибаҳои омехта дар WFCA, FNG, Gorilla Fighting Championships ба майдон баромадаст. Бозиҳои номовараш бо ҳарифонаш Дмитрий Шевораков, Жанwанг Ианг, Лан Уу буданд.
Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт
Фаридун Шодиев Абдувосид, Муллобоев Бурҳонбой, Ибронов Ҷамшед Зайдуллоев Изатуллоро мураббиёни худ медонад. Панҷ маротиба ҳарифонашро нокаут кардааст ва як маротиба нокаут шудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала