Садамаи маргбори майор Султонов дар Варзоб: се ҷавон ҳалок шуданд

© PixabayАвтомобиль после ДТП, архивное фото
Автомобиль после ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Нисбати Султонов Султонҷон, майори милитсия аз тарафи Додситонии кулл бо моддаи 212 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Майори милитсия, Султонов Султонҷон, ки бо суръати баланд аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе ҳаракат мекард, мӯҷиби ҳалокати се нафар гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Садама дар Ваҳдату ноҳияи Турсунзода ду кушта бар ҷой гузошт
Ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор рӯзи 11 феврал, тақрибан соати 00:10 дақиқа дар назди парки нигаҳдории воситаҳои нақлиёти қисми ҳарбии 3502 рух додааст.
Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт
Гуфта мешавад, Султонов бо худрави худ, ки тамғаи "Тайота - Авалон" мебошад, аз ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе бо суръати баланд ҳаракат карда, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромад.
"Ронанда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи "Опел - Вектра" бархӯрд", - таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, бар асари бархӯрд, ронандаи худрави "Опел - Вектра" Аъзамҷон Солиев ва мусофираш Расулов Анвар, ки ҳамагӣ 20 сол доранд ва сокинони ноҳияи Варзоб мебошанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигар, Боев Муҳаммадҷон ва Меликов Абдураҳмон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, Боеви 22 - сола низ дар беморхона фавтид.
Нисбати майор Султонов аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо моддаи 212 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, номбурда ҳоло дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала