Карантин накардему буридем: вазир панҷ сирри Тоҷикистонро дар пирӯзӣ ба коронавирус гуфт

© Министерство здравоохраненияМинистр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тавзеҳ дод, ки чигуна омори коронавирус дар Тоҷикистон ба сифр баробар шуд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли рақами яки соҳаи тандурустӣ ҷавоб гуфт: ба ҳар ҳол, чигуна тавонист Тоҷикистон, ба норасоиҳо дар соҳаи тиб нигоҳ накарда, бар коронавирус пирӯз шавад.
Вакцина  Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Абдуллозода гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваксини русӣ эм мешаванд ё на
Вазир чанд сабабро зикр кард, ки пеш аз ҳамаи ба гуфтаи вай, роҳи пешгирифтаи кишвар дар мубориза бо коронавирус буд. Он аз дигар давлатҳо хело фарқ мекард. 
Ба қавли ӯ, карантин нашудани аҳолӣ ҳам дар ин ҷо як сабаб ба пирӯзӣ буд.

Якум - назорати сахти эпидемиологӣ

Ҳамин тавр, ба гуфтаи Абдуллозода Тоҷикистон вақте ин беморӣ шуюъ кард, назорати эпидемиологиро тақвият бахштид: манбаъҳои беморӣ муайян мешуданд.
"Пеш аз ҳама мо мебинем,  бемор бо кӣ тамос дошт. Мо бо манбаъ кор кардем. Агар нафаре бо коронавирус пайдо шавад, мо ҳамаи он касонеро, ки бо вай алоқа дошт, муайян ва изолятсия мекардем", - гуфт вай ва афзуд, ки марҳилаи беморшавӣ аз 4 то 14 рӯз аст, ки дар ин муддат онҳо таҳти назорати кормандони соҳаи тиб мешуданд.

Дувум - эълон накардани карантин

Дувум усуле, ки мо пеш гирифтекм, ин пеш аз ҳама эълон накардани карантин буд, афзуд Абдуллозода.
Ба гуфтаи вазир, эълони карантин дар баъзе давлатҳо бар зарари худашон буд.
"Карантин эълон мешуд, як муддати муайян мардум дар хонаҳо мемонданд, дар ин вақт агар бемор бошад, дигаронро сироят мекард ва вақте карантин бекор мешуд, якбора беморӣ авҷ мегирифт", - тавзеҳ дод вазир.

Севум: гардиши хонагӣ

Мо бошем, усули гардиши ҳаррӯзаи хонагиро пеш гирифтем, афзуд вай.
Ба қавли вазир гардиши хонагӣ - яъне пизишкон ҳар рӯз хона ба хона гашта, беморонро муайян мекарданд ва сипас роҳи муолиҷаи онҳо муайян карда мешуд.
Фаврӣ: вазир гуфт, ки чанд тобеаш аз коронавирус даргузаштанд
"Агар беморе пайдо мешуд, пеш аз ҳама мо ӯро дар хонаи худаш, агар шароит дошта бошад, инзивоъ (изолятсия) мекардем. Дар беморхонаҳо бошад, агар ҳатто нафаре бо таби баланд пайдо мешуд, мо тамоми беморхонаро бистарӣ мекардем", - мисол овард ҷаноби Ҷамолиддин.

Чорум - усули табобат

Ҳамин тавр, беморони коронавирус дар Тоҷикитсон ба се гурӯҳ ҷудо карда мешуданд. Ин ба вазорат имкон медод, ки ҳама ба бемористон интиқол наёбанд ва аз ҳамин ҳисоб дар беморхонаҳо анбӯҳи беморон ба вуҷуд наояд.
"Мо касалҳоро аз рӯи критерия тақсим кардем: миёна, сабук ва вазнин. Агар ба критерияи миёна ё вазнин дохил мешуданд, бистарӣ мекардем, агар не, дар хона карантин мешуданд", - таъкид кард вай.

Панҷум -ҳисоботи дақиқ, дар сари болини бемор то 12-и шаб ва аз байн бурдани ҳарос

Ҳамин тавр, реҷае ки табибони Тоҷикистон дар давраи пандемӣ кор карданд ва ба гуфтаи вазир, то ҳол кор мекунанд, ин аз соати 7-и субҳ то 18-и бегоҳ гардишҳои хонагӣ буд. Дар натиҷа дар соати 18 ба ситод омори пешниҳод мешуд: чанд нафар ҳарорат доранд, чанд нафар ташхис шуданд ва чанд нафар тасдиқ шуданд.
Баъд аз он аз соати 18 то соати 12-и шаб табибон беморро назорат мекарданд.
"Баъди соати 6 рафта ҳамон беморҳоро назорат мекарданд ва баъди 12-и шаб баромада боз ҳисобот медоданд", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Абдуллозода, карантин накардан ба хотири аз бурдани ҳарос ҳам буд. 
"Тамоми бемориҳо аз тарс сарчашма мегиранд. Бештари ҳолатҳои фавте ки аз коронавирус дар натиҷаи таҳлука буд", - таъкид кард ӯ ва афзуд ки нақши раисҷумҳури Тоҷикистон дар аз бурдани ҳарос дар ин давра калидӣ буд.
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст
"Раисҷумҳур сафарҳои хидматӣ доштанд бо мардум муошират мекарданд", - қайд кард вай.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала