Ҳабибуллоев истеъфо дод: ӯ гуфт, намехоҳад далели рафтанашро ошкор кунад

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикский футбольный тренер Махмаджон Хабибуллоев
Таджикский футбольный тренер Махмаджон Хабибуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳанӯз моҳи июли соли гузашта сармурабби тими "Кӯктош" таъйин шуд ва ин даста зери роҳбарии ӯ дар қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми чорумро касб кард
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сармураббии дастаи  "Кӯктош" Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз мақомаш истеъфо дод, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сармураббии 55 - сола бо ихтиёри худ истеъфо додааст.
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Наврасони Тоҷикистон баъди голборони се ҳариф “Ҷоми рушд-2021”-ро гирифтанд - навор
ФФТ мегӯяд, Ҳабибуллоев қабл аз истеъфо додан ба ҳамаи футболбозони ин даста ва ҳамчунин ба тамоми мухлисон, ки тими "Кӯктош" - ро дастгирӣ мекарданд, изҳори миннатдорӣ намудааст.
Мураббии футболбозони тоҷик сирри пирӯзиро ошкор кард: навор
Сабаби аз мақоми сармураббии дастаи "Кӯктош" рафтани Ҳабибуллоев маълум нест.
Худи ӯ дар робита ба ин изҳор доштааст, ки намехоҳад тафсилоти истеъфо доданашро ошкор кунад.
"Бигзор он миёни ману роҳбарияти даста боқӣ монад", - тавзеҳ додааст Ҳабибуллоев.
Ёдовар мешавем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев соли гузашта ба ҷойи Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи "Кӯктош" таъйин шуд.
Ҳабибуллоеви 55-сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.
Номбурда  соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.
Расман: Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи "Кӯктош"
Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.
Баъдан, худи ҳамон сол  ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.
Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала