Имомзода бо Кравтсов масъалаи сохтмони 5 мактабро баррасӣ кард

© Вазорати маорифи ҶТВазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар Маскав
Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Маълум шуд, кай сохтмони 5 мактаби русзабон аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон оғоз мешавад ва кай анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Ин масъала дар Маскав зимни вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Русия Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сергей Кравтсов баррасӣ шуд.
Дар ин бора Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидор Сергей Кравтсов гуфт, ки тобистони имсол оғози сохтмони ин мактабҳо дар назар буда, онҳо тибқи меъёрҳои таълимии Русия фаъолият хоҳанд кард.
"Корҳои асосии омодагӣ ба оғози сохтмон ба охир расиданд. Ба ин кори пурсамари вазоратҳои ҳар ду кишвар мусоидат кард. Аз ҷумла лоиҳаи қолабии бинои мактаб мувофиқа шуда, қитъаҳои замин барои сохтмони онҳо дар 5 шаҳр ба таври ниҳоӣ тасдиқ шуданд”, - қайд кардааст Кравтсов зимни суҳбат.
Ӯ афзуд, ки сохтмон моҳи сентябри соли 2022 ба итмом расонида мешавад.
Вазири Русия хотиррасон намудааст, ки ба мақомоти марбута ҷиҳати роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар ин муассисаҳо, инчунин мувофиқаи тартиби таъини мудирони мактабҳо ва интихоби ҳайати омӯзгорон кӯшиши зиёд харҷ кардан лозим меояд.
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2020
Маълум шуд, ки Русия кай ба сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад
Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин дар бораи амалисозии муваффақонаи лоиҳаи гуманитарии “Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа” («Российский учитель за рубежом») дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.
Муҳаммадюсуф Имомзода ба кори омӯзгорони рус, ки дар лоиҳаи гуманитарӣ иштирок мекунанд, баҳои баланд дод ва гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки онҳо бо роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар соли хониши 2020-2021 дар мактабҳои Тоҷикистон 50 нафар омӯзгорони Русия машғули коранд.
Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.
Дар чаҳорчӯби ин қарордод аз ҷониби ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 30 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки 5 мактаби русзабон, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала