Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи ҳамагирӣ се баробар кам шуда, як навъи хизматрасонӣ дар ин самт, аз байн рафт
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо соли 2019 се маротиба камтар шуд.
Бино ба иттилои Ҷӯразода, агар солҳои пеш ин самти сайёҳӣ ба ММД -и кишвар тақрибан 0,3% даромад ё муодили 2-3 миллион доллар меовард, соли 2020 ин нишондод хеле кам шудааст.
"Имрӯз ширкатҳо ин навъи сайёҳиро самти рушдкунанда намедонанд", - гуфт раис ва афзуд, ки Кумита кӯшиш дорад роҳҳои дигарро барои рушди ин самт пайдо кунад.
Ӯ мегӯяд, мардум бояд худ бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба чунин маконҳои таърихие чун Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, Саразм, Чилучорчашма ва дигар маконҳои диданибоб сайёҳат кунанд.
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2020
Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт
Ҳамин тавр, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, омори сайёҳии дохилиро ироа карда гуфт, теъдоди сайёҳони дохилӣ дар соли 2020 дар қиёс бо соли 2019 се маротиба кам шуд.
"Тибқи омори расмӣ дар соли 2019 шумораи сайёҳони дохилӣ 403 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин нишондод дар соли 2020 се маротиба кам шуда ба 185,6 баробар шуд", - гуфт Ҷӯразода.
Ҷӯразода мегӯяд, ҳамагирии коронавирус ба соҳаи сайёҳӣ зарбаи сахт зад, агар аз тараф баста шудани меҳмонхонаҳо, фароғатгоҳҳо, бахши хӯроки ҷамъиятӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо бошад, аз ҷониби дигар зарари бузург ба ҳунармандон, ки натавонистанд маҳсули дасти худро ба фурӯш бароранд.
Ҷӯразода ҳамчунин як навъи хизматрасониро ном бурд, ки дар даври пандемия қариб аз байн рафтааст.
Бино ба иттилои ӯ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳамагӣ 10 ҳомстей сабти ном шудааст ва дар соли 2020 ин навъи хизматрасонӣ қариб аз байн рафтааст.
Дар умум дар Тоҷикистон 283 иншооти сайёҳӣ мавҷуд аст.
Аз ин шумор 188 - меҳмонхлона, 26 - хостел, 45 - осоишгоҳ, 8 - маркази муолиҷавӣ, 10 - хонаи истроҳатӣ, 1 - понсианат, 1 - кемпинг, 4 - базаи сайёҳӣ ва 10 ҳомстей.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар соли 2020 - 32 иншооти сайёҳӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, 1 ҳомстейи дигар ба қайд гирифта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала