Шаш варзишкори тоҷик ба Исроил мераванд: киҳо?

Дар Исроил бори нахуст мусобиқаи Grand Slam доир карда мешавад: барои иштирок дар он шаш варзишкори тоҷик сафарбар мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Шаш варзишкори тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 ба Исроил мераванд. Бори нахуст ин мусобиқаи бузурги варзишӣ дар Исроил баргузор мешавад, ки дар он варзишкорон аз 69 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Турдиев дар бораи пирӯзии Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд": мусобиқа ба мо бисёр чизҳо дод
Тоҷикистонро дар Tel Aviv Grand Slam 2021 - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни — 73кг, Акмал Муродов дар вазни — 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни  — 90кг ва Темур Раҳимов бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз +100кг намояндагӣ хоҳанд кард, менависад "Ховар".
Мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 18-20 феврали соли 2021 дар  шаҳри Тел-Авив баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 462 варзишгар ширкат варзанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала