Молу мулки судяҳоро мебинанд, агар дурӯғ гӯянд, барканор мешаванд: қонуни нав

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПредседатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори
Председатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар парлумон тағйироти нав ба қонун дар бораи судҳои ҷумҳуриро муаррифӣ кард, ки ба ҷилавгирӣ аз фасодкории додрасҳо равона шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik.  Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд, ки ҳадафи он ислоҳоти низоми додгоҳӣ ва масъулияти бештари додрасҳо арзёбӣ гардид.
Новая чайхана в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Ҳоли табоҳ: ҳукми мудири “Харбуза” ва ҳабси Алимардонов - акс
Шоҳиён зимни шарҳи тағйирот гуфт, ба қонун муқаррарот дар бораи пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии судя илова карда шуд.
“Ворид намудани талабот вобаста ба пешниҳоди эъломияи даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби судя бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар манфиати ғайрихизматӣ равона гардидааст”,  - изҳор дошт раиси Додгоҳи Олӣ.
Дар феҳрасти сабабҳои барканорию бозхонди судяҳо меъёрҳои нав илова карда шудаанд, яке аз он нафақагири Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан аст.
Озода Раҳмон дар бораи дороии мансабдорон ва оқибати дурӯғгӯӣ
Инчунин бар асоси тағйироти ҷадид, додрас агар бо мақсади пинҳон доштани молу мулкаш ба мақомот маълумоти бардурӯғ пешниҳод кунад, аз мақом барканор хоҳад шуд.
Бахром Иноятзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Норозигии раиси Судӣ Олӣ аз иддаои собиқ раиси Кӯлоб, ки гуфт "адолати судӣ нест"
Ба гуфтаи Шоҳиён, дар моддаи 14-уми қонун талабот нисбат ба судя ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ, аз ҷумла дар муносибатҳои ғайрихизматӣ худдорӣ кардан аз содир намудани ҳама гуна амале, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ, қадр ва номуси судя мегардад, муқаррар шудааст.
Қариб 80 миллионро надодаанд: Шоҳиён гуноҳу ҷазои Исматулло Ҳаёевро эълон кард
Инчунин дар қонун савганд дар таҳрири нав таҳия шуда, тартиби савгандёдкунӣ муқаррар гардидааст.
Ба гузориши нашрияи парлумонии “Садои мардум”,  инчунин ваколатҳои раиси Суди Олӣ вобаста ба таъйин ва аз вазифа озод намудани сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва масъалаҳо вобаста ба шумораи судяҳо, машваратчиёни халқӣ ва кормандони дастгоҳҳои судҳо такмил дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала