Финали Ҷоми ФФТ-2021: ғолибони бозиҳои давраи дувум муайян шуданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкФутбольные мячи на поле стадиона
Футбольные мячи на поле стадиона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Обуна шудан
Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб хатм шуд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бозии дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021, 13 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Тими миллии Тоҷикистон дар Дубай  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Футболбозони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд
Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб хатм шуд. Нахустин шуда дар дақиқаи 18-ум Аваз Қамчинов дастаи "Равшан"-ро ба пеш баровард.
Аммо хурсандии футболбозони дастаи "Равшан" дер давом накард, чаро ки дар дақиқаи 32-юм легионери дастаи КМВА – Феликс натиҷаро баробар кард. Кӯшишу талошҳои футболбозони кӯлобӣ самар оварду дар дақиқаи 57-ум боз Аваз Қамчинов гол зада, ба дастааш пирӯзӣ овард.
Баъди ин бозӣ дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо касби 6 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи"А" қарор дорад.
Мураббии футболбозони тоҷик сирри пирӯзиро ошкор кард: навор
Ёдовар  мешавем, ки дар даври сеюм имрӯз, 15  феврал дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе рақобат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0