Пойгоҳи 201 хотираи сарбозони кушташуда дар Афғонистонро гиромӣ дошт

Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, гиромидошти сарбозон-интернатсионалистон баргузор шуд
Ин чорабинӣ ба хотири сарбозони рус, ки дар хоки афғонистон ҷанг карда, қурбон шуданд, гузаронида шуд.
Нахуст дар машқгоҳи Лоҳур фармондеҳии 201-уми Русия ҳамроҳ бо хизматчиёни ҳарбии қисми иктишоф ба собиқадорони ҷанг усули тайёрии ҷангӣ нишон дод.
Аз ҷумла, дар шароити кӯҳӣ, низомиён маҳорати роҳбарӣ ба убур кардани нишебҳоро нишон доданд.
"Лаҳзаи фаромӯшнашаванда барои собиқадорон ин имконияти беназири ба ёд овардани таҷрибаи рондани мошинҳои зиреҳпӯш дар шароити кӯҳҳо буд. Ҳама метавонистанд ҳамчун яке аз аъзои экипажи техникаи ҳарбӣ мавқеи муқаррариро ишғол кунанд", - тавзеҳ дод сухангӯи хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбии Русия.
Пас аз баргузории чорабиниҳо дар майдони тамрин, собиқадорон аз осорхонаи ҳарбии Пойгоҳи 201 дидан намуданд. Нимаи дуюми рӯз, хизматчиёни ҳарбӣ маҷмааи ёдгории Қаҳрамонони пойгоҳи низомии 201-ро зиёрат карда, дар назди оташи ҷовидон гул гузоштанд.
Ба ёди қурбониёни Афғонистон як дақиқа сукут эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала