Амонзода аз мулоқоташ бо занони мардикор гуфт: касе вазир буданамро намедонист - акс

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр труда и занятости Ширин Амонзода
Министр труда и занятости Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мулоқоташ бо занони мардикор дар вилояти Хатлонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Амонзода дар мавриди боздидаш аз мардикорбозори занон дар Хатлон гуфт, ин як мулоқоти сарироҳӣ ва тасмими шахсии худаш буд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2020
Вазир дасту остин бар зад: бозорҳои мардикории Тоҷикистон аз байн мераванд?
Ӯ тавзеҳ  дод, ки Вазорати меҳнат масъули иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Қубодиён аст ва дидораш ҳам дар ҳоле сурат гирифта буд, ки аз ин роҳ убур мекард.
“Вақте аз ҳамраҳон пурсидам, ки ин ҷо куҷост, гуфтанд, мардикорбозор. Вақти рафтан не, дар бозгашт таваққуф кардам. Ин тасмими шахсии ман буд. Ман ҳамчун вазир бо онҳо суҳбат накардам. Ҳеҷ нафаре аз онҳо ҳам надонист, ки ман вазирам”, - гуфт Ширин Амонзода.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳадафи худро сирфан маълум кардани мушкил ва дарёфтани посух ба ин суол буд, ки чаро мардум ин ҷо ҷамъ мешаванд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вазорат ярмаркаи ҷойҳои кории холиро ташкил мекунад, аммо мардуми ин маҳал талош намекунанд, то соҳиби кор шаванд.
 “Ман ба суолҳои худ аз онҳо ҷавоб гирифтам. Онҳо ба ҷойҳои кории холие, ки мо эълон мекунем, рафта наметавонанд. Маъмулан бо корҳое машғул ҳастанд, ки якрӯзаву яквақта ва барои рӯзгузаронӣ аст. Ман аз онҳо пурсидам, ки агар имкон дошта бошед, хонда, соҳиби касб шудан мехоҳед ё на? Аксарият ба хондан, касб омӯхтан розӣ нестанд. Чанд нафар ҳам гуфтанд, ки барои хондан вақту пул даркор аст”, - гуфт Ширин Амонзода.
© акс аз сафҳаи фейсбукии Ш.АмоноваМулоқоти Ширин Амонзода бо корҷӯён дар "мардикорбозор"-и Бохтар
Мулоқоти Ширин Амонзода бо корҷӯён дар мардикорбозор-и Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Мулоқоти Ширин Амонзода бо корҷӯён дар "мардикорбозор"-и Бохтар
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ба занону мардони корҷӯ итминон додааст, ки мақомот замина фароҳам меоранд, то онҳо ба марокизи таълимии калонсолони Агентии меҳнат ва шуғл дар вилояти Хатлон шомил шаванд. Вай афзуд, чанд нафар аз онҳо бо таълим фаро гирифта шуданд.
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2020
Таъсир ба бозори “мардикорон” -и Хуҷанд: COVID-19 нархи корҳоро арзон кард
Амонзода гуфт, мушкили аслӣ ин аст, ки аксарият хоҳиши хонда, касб омӯхтанро надоранд ва касеро ҳам маҷбур кардан намешавад, ки ҳатман шуғл омӯзад, то бо кор фаро гирифта шавад.
“Ин суҳбат фақат барои ба даст овардани маълумот барои худам буд. Ҳоло ки онҳо маро мешиносанд, дигар бо онҳо во намехӯрам. Аммо кор бо онҳо идома хоҳад дошт, зеро кори кироя ё якрӯзаву яквақта ниёзҳои онҳоро бароварда наметавонад”, - гуфт Ширин Амонзода.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 21 декабри соли гузашта дар Хатлон бо занони мардикор мулоқот карда буд, ки вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бархе таъриф мекарданд, ки вазир бевосита аз ҳоли мардикорон хабар гирифтаасту бархеи дигар, ки мушкили он занони мардикор ҳалношуда боқӣ монд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала