Арзиши умумӣ 15,7 миллион евро: тимҳои Тоҷикистон чанд пуланд?

© ФФТИгра таджикских команда "Истиклол" - "Равшан"
Игра таджикских команда Истиклол - Равшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Пойгоҳи махсусе, ки арзиши футболбозону бошгоҳҳоро пайгирӣ мекунад, дар бораи тимҳои Тоҷикистон низ омори навро нашр кард
ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Пойгоҳи  transfermarkt.de маълумот дар бораи арзиши футболбозону бошгоҳҳои гуногуни ҷаҳонро нав кард.
Махмаджон Хабибуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Баъди истеъфо аз "Куктош": Ҳабибуллоев ба "Истаравшан" меравад
Дар омори ҷадид тимҳои иштирокдори чемпионати Тоҷикистон низ фаро гирифта шудаанд.
Ба иттилои Transfermarkt, аз муътамадтарин пойггоҳҳо дар мавриди арзишу интиқоли футболбозон аст,  ҳамаи клубҳои лигаи олии Тоҷикистон дар маҷмуъ 15,7 миллион евро арзиш дорад.
Дар Лигаи олии Тоҷикистон даҳ бошгоҳ мебошанд, аммо арзиши на ҳамаи онҳо зикр шудааст.Аз ҳамаи дастаҳое, ки дар лигаи олӣ бозӣ мекунанд, танҳо иштирокдори нави лига - дастаи “Эсхата” баҳогузорӣ нашудааст.
Аз рӯи нарх аз ҳама гаронтарин тими футбол “Истиқлол” мебошад, ки бозигарони он дар маҷмӯъ 3,63 миллион евро нарх доштаанд.
Дар пайи он тими “Хуҷанд” бо арзиши умумиаш 2,48 миллион дар ҷои дуввум қарор дорад. Дар сатри сеюм ССКА ҷой гирифтааст, ки бозигаронаш ҳамагӣ 2,33 миллион евро нарх доранд.
Дар радаи чорум тими "Хатлон" бо арзиши 1,68 миллион евро, минбаъд дар рӯйхат "Куктош" ва "Истаравшан" - ҳар кадоме 1,43 миллион евроӣ, "Файзканд"  - 1,35 миллион, "Душанбе-83" - 1, 33 миллион ва "Равшан" бо 75 ҳазор евро ҷой гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0