Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Фасодзадатарин ниҳодҳо дар Тоҷикистон номбар шуданд - рӯйхат

© Sputnik Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Яке аз аввалин мақомотҳои фасодзадатарин дар Тоҷикистон инҳоянд: низоми бонкӣ, тандурустӣ ва маориф
ДУШАНБЕ, 16 феврал - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом мақомоти давлатӣ бештар қонуншиканӣ ошкор шудааст.
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Ҳабси 4 корманди собиқи “Амонатбонк” барои тасарруфи пули шиносномаҳои хориҷӣ
Дар маҷмӯъ, соли 2020, ин ниҳод беш аз 2 ҳазор қонуншиканӣ, ҷиноятҳои андоз ва иқтисодиро ошкор кардааст.
Тибқи маълумот дар бораи вазъи ҷиноӣ дар ҷумҳурӣ, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар як соли охир ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 177 парванда.
Дар ҷои дуюм аз рӯи шумораи ҷиноятҳо низоми бонкӣ будааст, ки дар он 168 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.
Дар зинаи сеюм бо 136 далел соҳаи маориф ва илм қарор гирифтааст.
Дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 104 ҳолати ҷиноятҳои ошкоршуда ба қайд гирифта шуданд.
Ба иттилои агнетӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар соҳаи кишоварзӣ - 101 ҳолати, ҳифзи иҷтимоӣ - 104 ҳолат, инчунин 66 ҷиноят дар системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад.
Шумораи ҷиноятҳои сабтшудаи коррупсионӣ инчунин дар Кумитаи идораи замин ва геодезиро 99-то сабт шудааст.
Илова бар ин, дар субъектҳои хоҷагии ғайридавлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 800 амали хусусияти коррупсионидошта сабт шудааст.
Аз номи собиқ кормандон пул мегирифт: боздошти мақомдори агентӣ
Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, ки тайи як соли охир дар кишвар хисорот ба маблағи 348,8 миллион сомонӣ (30,6 миллион доллар) ошкор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала