Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Хешутаборбозҳо дар ним сол боз зиёд шуданд – шарҳи Агентии мубориза бо коррупсия

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли гузашта 60 мавриди хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишварро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Барот Расулӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ҳарчанд қонунгузорӣ ба вазоҳат тақозо мекунад, ки аз бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ ҷилавгирӣ шавад, ин маворид тайи ним соли ахир афзойиш ёфтанд.
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Ҳабси 4 корманди собиқи “Амонатбонк” барои тасарруфи пули шиносномаҳои хориҷӣ
“Дар сархати 5 – уми моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” омадааст, ки шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад, агар ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд, бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда бошад, яъне хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад”, - гуфт Барот Расулӣ.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин мавориди хешутаборбозӣ дар вазорати маориф ва илм ошкор шудаанд, ки 21 мавридро ташкил мекунад.
Дар пайи он ин маворид дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 10, нақлиёт – 7, муассисаҳои зироаткорӣ – 7 ва сохторҳои дигар як ё ду ҳолат ошкор карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи июли соли равон Агентӣ хабар дода буд, ки баландтарин мақоми дар пайи татбиқи ин модда аз вазифа озодшуда, Саодат Очилдиева, директори ширкати “Тоҷиктрансгаз” буд.
Ӯ ҷиянашро муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” таъин карда буд.
Оҷонсӣ боздошти Рӯзиева, мақомдори Вазорати молияро шарҳ дод
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари афроде, ки бо ин модда аз вазифаҳои худ маҳрум шудаанд, директорони мактабҳои миёна, раисони ҷамоатҳо, мудиру муовинони раҳбарони мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар мансабдорони сатҳи поён буда, барои таъйини ҷиян, духтар, писар, келин, ҳамсар, бародар, амак ва модари худ ба вазифа аз вазифа сабукдӯш шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала