Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Оҷонсӣ боздошти Рӯзиева, мақомдори Вазорати молияро шарҳ дод

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти ду корманди вазорати молия хабар медиҳад, ки дар тасарруфи маблағҳои давлатӣ муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш имрӯз гуфт, кормандони вазорат зимни як тафтишот боздошт шуданд.
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Фасодзадатарин ниҳодҳо дар Тоҷикистон номбар шуданд - рӯйхат
Ба иттилои манбаъ, сардори шуъбаи муҳосиботи раёсати корҳои вазорат Рӯзиева дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Юсупова бо роҳи сохтакории ҳисоботҳои муҳосибӣ ва зиёд нишон додани музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказӣ 4,1 миллион сомониро тасарруф намудаанд.
Султонзода гуфт, аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба Рӯзиёва ва Юсупова бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноии кишвар оғоз гардида тафтиши пешакии он идома дорад.
Тибқи иттилои роҳбари Агентӣ тайи соли гузашта 290 ҷиноёти азонихудкунии маблағҳои давлатӣ ва 101 ҳолати сӯистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳади ваколати хизматиро ошкор кардааст.
Аз номи собиқ кормандон пул мегирифт: боздошти мақомдори агентӣ
Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, ки тайи як соли охир дар кишвар хисорот ба маблағи 348,8 миллион сомонӣ (30,6 миллион доллар) ошкор ва аз ин маблағ 295,9 миллион сомонӣ ё 84,9 фоиз барқарор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала