Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМуродали Алимардон. Архивное фото
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон таъйид кард, ки Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шудааст.
Фахриддин Акрамзода, муовини раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни як нишасти хабарӣ дар дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, Парда Алимардон бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Новая чайхана в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Ҳоли табоҳ: ҳукми мудири “Харбуза” ва ҳабси Алимардонов - акс
Номбурда гуфт, Парда Алимардон ба тасарруфи 90,1 миллион сомонӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташ тафтишот ҳоло идома дорад.
Парда Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон роҳбари Корпоратсияи “Баракат”, буд, ки аксар маблағҳои "Агроинвестбонк" тариқи он ҳайфу майл мешуд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Парда Алимардон ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.
Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд.
Оҷонсӣ гуфт, зарарҳои расонида қисман барқарор шуда, дар сурати пурра барқарор шудан нисбати боздоштшуда санади авф татбиқ мешавад.
Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон дар гузашта аз афроди калидии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки дар мақомҳои гуногун аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва ноиби нахуствазир кор карда, аз соли 2015 то ҳол раёсати “Агроинвестбонк” – ро бар дӯш дорад.
Лентаи хабарҳо
0