Аз номи собиқ кормандон пул мегирифт: боздошти мақомдори агентӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешБанкомат, архивное фото
Банкомат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Ожонси зидди фасод аз боздошт шудани як мақомдори Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода роҳбари Ожонси зидди фасод, имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз қонуншикании худи намояндагони сохторҳои давлатӣ гуфт.
Ҳабси 4 корманди “Амонатбонк” барои тасарруфи миллионҳо сомон пули шиносномаҳои хориҷӣ
Аз ҷумла, ӯ аз қаллобии як масъули Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои роҳбари Ожонси зидди фасод, номбурда Нарзуллоев буда, ба ҳайси Сардори шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ давоми солҳои 2017 - 19 фаъолият намудааст.
Зикр гардид, ки Нарзуллоев дар давраи роҳбари шӯъбаи мазкур будан, дар 42 ҳолат ба нақзи қонун даст задааст.
"Ӯ ба номи собиқ кормандон расидҳои пулгириро тартиб дода, тавассути бонкҳо 371 ҳазор сомонӣ маблағҳои нақдиро азхуд намудааст", - тавзеҳ дод Султонзода.
Роҳбари Ожонси зидди фасод мегӯяд, нисбати собиқ роҳбари Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сино тибқи моддаи 245 қисми 4 банди "б" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала