Содда ва боэътимод: мошинҳои боркаши Русия ҷаҳонро тасхир карданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксАвтомобильный завод ОАО "КАМАЗ"
Автомобильный завод ОАО КАМАЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Ҳанӯз соли 1976 нахустин мошинҳои тамғаи "КамАЗ" аз дарвозаи заводи мошинбарории Камаз баромаданд. Ан он сол инҷониб, роҳҳои Русияро бидуни ин автомашина тасаввур кардан номумкин аст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Николай Протопопов. Солҳои 1960 саноати шӯравӣ шадидан аз норасоии мошинҳои боркаш танқисӣ мекашид. Аз ин рӯ, макони истеҳсоли ин навъ мошинҳоро Набережни Челни интихоб карданд ва он ҷо заводеро сохтанд, ки тавони истеҳсол кардани 150 адад автомашинаи боркаш дар як солро дошт.
Бо баланд шудани сифати роҳҳо дар қаламрави кишвар шоҳроҳҳоро месохтанд.
Мотосиклрон дар ралли Дакар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Баргузории ралли "Дакар" дар Арабистони Саудӣ: аксҳои диққатҷалбкунанда
Ҳамзамон таҷрибаи аврупоии эҷоди як мошини боркаш бо муҳаррики зеркабина ба назар гирифта шуд. Ин тартиб имкон дод, ки кабинаи мошинҳо бароҳаттар шавад ва ҳамзамон дарозии мошин самараноктар истифода мешавад.
Ба ин лоиҳа мутахассисони ЗиЛ ҳам ҳароҳ шуданд, ки таҷрибаи бойи аз сифр таҳия ва ба истеҳсолот ворид кардани мошинҳои боркашро доштанд. Дар он замон, мутахассисони ин навъ мошин аллакай як модели таҷрибавии худрави бекапотро сохта буданд (таҳти индекси ЗИЛ-170), ки ҳамчун прототипи аввалин КамАЗ хизмат мекард. Дар заминаи он, як оилаи тамоми мошинҳои се меҳварӣ бо иқтидори борбардории на камтар аз ҳашт тонна таҳия карда шуд.
Ба ҳамин минвол, ЗиЛ тавонист дар муддати чанд сол даҳҳо тарҳҳои мошинҳои боркашро омода ва истеҳсол кард. Ин гуна худравҳоро пайваста коркард менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки камбудиҳои худравро зуд таӯйир дода, ягон чизи нав ба тарҳи он шомил кунанд.
Он замон, мошинҳои КамАзро дар  қатори худравҳои хориҷӣ аз қабили "Форд", "Мерседес" ва "Интернэшнл" муқоиса менамуданд.

Таъмир дар "зону"

Соли 1976 дар Набережни Челни нахустин тамғаи КамАз - 5320 сохта шуд. Мувофиқи меъёрҳои шӯравӣ, ин як мошини хеле бароҳат буд - кабинаи барҳаво, дорои се ҷойи нишаст, камарбанди муҳофизатӣ, курсии танзимшавандаи ронанда, ҷойҳои баланди нишаст, ки атрофро ба пуррагӣ метавон дид, дарбар дошт. Суръати мошин баробар ба қувваи 210 асп буда, зарфи сӯзишвории он 200 литрро ташкил медод.
Реактивный снаряд системы Смерч на территории общины Иванян Нагорного Карабаха - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2020
"Смерч" ва "Ос": Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо чӣ ҷангид
Сарфи сӯзишворӣ бошад, тақрибан 30 литр ба сад, бо суръати 80 километр дар як сония аст. Тормозҳо - барабани пневматикӣ мебошанд.
Зимнан, ду соли аввал завод се навъ мошин КамАз - ро ба муомилот баровад, ки инҳо мошини бркаши 8 тоннагӣ, самасвал барои сохтмон ва мошини борбардор, ки тавони аз 10 то 20 тонна бор бардоштанро дорад.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи мошинҳо дар он буд, ки онҳоро ба таври қулай имкони таъмир кардан мавҷуд буд. Нуқсонро дарвоқеъ "ба зону" рафъ кардан мумкин буд ва маҳз ҳамин ҷанба дар замони шӯравӣ бинобар маҷуд набудани устохонаҳои таъмири мошин ниҳоят муҳим буд.

Варзиш ва ҷанг

Аввали солҳои 80-ум, дар Набережни Челни, истеҳсоли як мошини шаштоннагии заминӣ бо индекси 4310 оғоз ёфт, ки асосан барои артиш пешбинӣ шуда буд. Тарҳи ин мошин имкон медод, ки қариб ҳама гуна роҳҳо убур кунад.
Ин навъ КАмАЗ ба Афғонистон низ роҳ ёфт ва ҳамчун воситаи асосии ҳамлу нақл ва интиқоли бор барои сарбозони шӯравӣ ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, мошинҳои боркаш бехатарии худро собит намуданд. КамАЗ - ҳо тааҷҷубовар, боэътимод ва идорашаванда буданд.
Дар тӯли 45 сол, заводи автомобилсозии "Набережные Челны" зиёда аз ду миллион мошини боркаши гуногунсифат истеҳсол намудааст.
Чӣ гуна афсонаҳои тавоноии “Байрактар”-ҳои туркӣ дар Қарабоғ пайдо шуданд
Садҳо ҳазор КамАЗ тамоми роҳҳои СССР ва Русияро тай карданд, бисёр моделҳо ба даҳҳо кишвари ҷаҳон интиқол дода шуданд ва расонида мешаванд.
Соли 1988 мошинҳои КамАЗ дар як мусобиқа иштирок карда соҳиби ҷоиза ҳам гардиданд.
Сипас соли 1990 мошинҳои варзишии КамАЗ худро дар пойгаи байналмилалии наҷот бо номи "Дакар" муаррифӣ карданд. Дар ин пойга онҳо соли 1996 ҳам иштирок карданд.
Аз он вақт инҷониб мошинҳои махсуси омодагии КамАЗ дар 27 марафон иштирок намуда дасти кам 15 маротиба ғолиб баромаданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала