Ҷавоне ронандаи таксиро дар Душанбе бераҳмона бо беш аз 42 зарби корд кушт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҷайҳун хабар медиҳад, ки дар қатли бераҳмонаи як таксирони пойтахт муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун бо ҷурми одамкушӣ зимни як амалиёт боздошт гардид.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2020
Куштор дар Ҳисор: ҷавон зани 52 - соларо дар хонааш буғӣ кард
Ба иттилои манбаъ, номбурда, 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00, дар кӯчаи Деҳотии пойтахт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Киблаии ноҳияи Рӯдакиро дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Салярес”, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, бо бераҳмии махсус қатл кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда, қисми гардан, қафаси сина аз пешу қафо бо корд зиёда аз 42-маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон нафари ҳалокшуда зодаи ноҳияи Муминобод ва таксирони ширкати "1111" буда, мусофир ӯро барои маблағи роҳкиро кушатааст, аммо ВКД сабаби рухдоди қазияро шарҳ надодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала