Корхонаи “Азот”-и Вахши Тоҷикистон фурӯхта шуд

© Sputnik / Рудольф Кучеров / Гузаштан ба хазинаи аксИттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии "Азот". Акс аз бойгонӣ
Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии Азот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз фурӯши ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии кишвар дар вилояти Хатлон тавассути як тендер хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ахиран дар нишасти хабарие гуфт, ки корхонаи “Азот” дар як тендер фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст.
Промышленное предприятие Азот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2020
Чиниҳо натавонистанд: корхонаи “Азот” ба фурӯш гузошта мешавад
Вай нархи саҳҳоми ин корхонаро 200 миллион доллар эълом  кард  ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз фурӯши ин воҳиди тавлидӣ ҷазби сармояи хориҷӣ ва эҷоди ҷойи кор будааст. 
Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарордоди таҷдиди таҷҳизоти корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш дар шаҳри Сарбандро бо ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" бекор кард.
Сабаби ин амал дар он аст, ки ширкати чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи таҷдиди таҷҳизоти корхона иҷро накард.
Дар моҳи сентябри соли 2016, ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" саҳмияҳои ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистонро харид ва ваъда дод, ки таҷдиди ин корхонаро бо харҷи 360 миллион доллар дар соли 2018 ба анҷом мерасонад.
Пешбинӣ мешуд, ки корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш пас аз бозсозӣ зимни таъмини ниёзи Тоҷикистон заминаи содироти як миллион тонна маҳсулоти кимиёвӣ ба Афғонистон ва 300 ҳазор тонна ба Қирғизистонро низ фароҳам кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала