Муҳриддин ва Зас аз наздиксозии мавқеъҳо ва амният гуфтанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВстреча министра иностранных дел Таджикистана Сироджиддина Мухриддина с Генеральным секретарем ОДКБ Станиславом Зязем
Встреча министра иностранных дел Таджикистана Сироджиддина Мухриддина с Генеральным секретарем ОДКБ Станиславом Зязем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Станислав Зас, дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Зас атрофи масоили ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти Созмон, вокуниши саривақтӣ ба чолишу таҳдидҳои муосир мубодилаи афкор намудаанд.
Раҳмон пандемияи коронавирус боиси таназзули кулл шуд - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2020
Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор
Инчунин афзун гардонидани ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот будааст.
Бо дарназардошти раёсати Тоҷикистон дар СААД, Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи кишварро ба ҳамкории зич бо котиботи созмон ва ниҳодҳои он барои пешбурди кор таъкид кардааст.    
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди ҳамоҳангсозию ба ҳам наздик сохтани мавқеъи кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.
Дар баробари ин омодагии Тоҷикистон ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Қаблан хабар дода шуд, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз аҳамияти таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гуфта буд.
“Мо феълан Барномаи байнидавлатӣ барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳия дорем. Ин мушкил аз масъалаҳои мубрами рӯз, ҳам дар масъалаи ҳарбӣ ва ҳам дар дигар бахшҳо мебошад”, - изҳор дошта буд ахир дабири кулли СААД, Станислав Зас.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала