Бехабарии раиси "Барқи тоҷик" аз маҳдудияти иловагӣ дар Лахш: ваъда дод, месанҷад

© © НОК ТаджикистанаПредседатель компании "Барки Тоджик" Мирзо Исмоилзода
Председатель компании Барки Тоджик Мирзо Исмоилзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Ширкати "Барқи тоҷик" ба таври расмӣ аз соати 23:00 то 6- и саҳар маҳдудияти интиқоли неруи барқро эълон кард, вале дар ноҳияи Рашт иловатан рӯзона ҳам "лимит" ҷорӣ будааст
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Давоми як моҳи ахир нерӯи барқ барои сокинони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) рӯзона ҳам маҳдуд мешавад, гуфт хабарнигоре дар нишасти матбуотии ширкати "Барқи тоҷик".
Ӯ дар муроҷиат ба раиси ширкати мазкур суол намуд, ки чаро барқи сокинони ноҳияи Лахш дар баробари маҳдудияти шабона, ҳамчунин рӯзона ҳам барои 5 соат қатъ мешавад.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Исмоилзода гуфт, кай "лимит"- и барқ лағв мешавад
Аммо Исмоилзода, роҳбари ин ниҳод аз мавҷуд будани маҳдудияти иловагӣ барои сокинони ин минтақа изҳори бехабарӣ намуда, афзуд шояд маълумоти хабарнигор носаҳеҳ бошад.
"Чунин маҳдудият мавҷуд нест ва агар сурат гирифта бошад ҳам, шояд бар асари ягон садама иттифоқ афтодааст", - шарҳ дод Исмоилзода.
Ба исрори хабарнигор, маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ноҳияи мазкур давоми як моҳ аз соати 9 -и  саҳар то соати 13:00- и рӯз идома меёбад ва ҳамзамон "лимит"- е, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз соати 23 -и шаб то соати 6 - и субҳ муқарар кардааст, низ бидуни таъхиркорӣ ҷорист.
ТАЛКО аз "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор аст
Дар ин робита яке аз масъулони ширкати мазкур аз хабарнигор гиламандона суол кард, ки чаро сокинони ин минтақа тариқи телефонҳои боварӣ боре ҳам тамос нагирифтанд ва аз мавҷуд будани чунин мушкилӣ арз накарданд.
Зимнан, роҳбари "Барқи тоҷик" ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат ин масъаларо таҳқиқ ва ҳал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала