Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

CC BY-SA 2.0 / Rego Korosi / YouTube logoЛоготип Youtube, архивное фото
Логотип Youtube, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати 10-гонаи фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ба он каналҳои Орзу Исоев, Беҳрӯз Зеваров ва лоиҳаи "Дугонаҳо" шомиланд
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи феҳрасте, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигрон пешниҳод кард, аз ҷониби Halva.tj анҷом дода шуда, он 10 блогери фоъоли кишварро фаро мегиранд.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Огоҳинома ва шарти Кумитаи андоз ба блогерҳо: то 1 апрел интизорем
Тибқи таҳлилҳо, ин каналҳо дар пойгоҳи Ютуб аз 800 ҳазор обуначӣ,  то 430 миллионро тамошобин доштанд.
Ҳамин тавр, тибқи ин феҳраст ҷои якумро канали Tamoshow мегирад, ки 867 ҳазор ҳамванд ё обуначӣ дошта, теъдоди умумии тамошои наворҳои ин канал 430 миллионро ташкил медодааст.
"Канали калони мусиқии ҳунармандони тоҷик мебошад. Нашр шудани тарона дар ин канал маънои маъруфияти овозхонро дорад. Муаллифаш Беҳрӯ Зеваров аст", - омадааст дар он.
Дар ҷои дувум шабакаи "Территория юмора" омадааст, ки 66,8 ҳазор ҳамванд ва 9,5 миллион тамошобин доштааст.
Ҷои севумро лоиҳаи "Дугонаҳо" бо 19 миллион тамошобин, ҷои чорумро "Imshab Live"-и Мубориз Усмонов, панҷум канали "ORZU"-и Орзу Исоев бо 6 миллион теъдоди умумии тамошобинон гирифтаанд.
Гаронарзиштарин блогерони Русия муайян шуданд
Ба панҷгонаи сонӣ, канали мутааллиқ ба Рафаэл Гулов - 3 миллион тамошобин, "Nigmatov Mansurov"- 19 миллион тамошобин, лоиҳаи "Бонуи пурҳунар"- 7 миллион тамошобин, канали "IRON KING" - 2 миллион тоимошобин ва ҷои охиронро лоиҳаи "Ишқ, пул, Душанбе" бо 4 миллион теъдоди умумии тамошобинҳо гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Кумитаи андоз, Шамсулло Кабирзода, сарвари Сарраёсати маъмурикунонии андозҳо дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт, ки мувофиқи таҳлилҳои ниҳодаш фаъолияти 29 блогер дар Тоҷикистон ошкор шуд.
Аммо, ба гуфтаи масъулини кумита, онҳо даромади блогерҳои мазкурро феълан ҳисоб накардаанд.
Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез
Ҳамин тавр, ба блогерони тоҷик Кумитаи андоз огоҳинома додааст, ки то 1 апрел ба ниҳод дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод созанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала