“Қарз зиёд шуд, боз қарз мегирем”: қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Ба хотири иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз ҳисоби маболиғи буҷетӣ дар маҷмуъ 190,2 миллион доллар пардохт шудааст
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар қиёс бо соли 2019 ба ҳудуди як миллиард доллар афзудааст.
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, идоракунии қарзи давлатӣ дар доираи Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба 3,7 миллиард доллари амрикоӣ расид.
Ин 3,2 миллиард доллари амрикоӣ ё 85% - и қарзи беруна ва 0,5 миллиард доллари амрикоӣ ё 15% қарзи дохилӣ аст.
“Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба 46,8% - и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар буда, ба меъёрҳои муайяншудаи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва тавсияҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мутобиқ мебошад”, - гуфт Ҷамшед Каримзода.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Завқизода гуфт соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар қарзу грант ҷалб шудааст
Дар ҳамин ҳол, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 2,888,6 миллиард доллар ё 36,6% - и ММД – и кишварро ташкил медод.
Моҳи феврали соли гузашта Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта буд, ки соли 2020 барои хадамоти қарзи хориҷӣ 220 миллион доллар ва қариб ба ҳамин ҳаҷм гирифтани қарзи хориҷӣ дар назар гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз ҳисоби маболиғи буҷетӣ дар маҷмуъ 190,2 миллион доллар пардохт шудааст, ки аз ин пардохти қарзи асосӣ 124 миллион доллар ва фоизи қарз 66,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
“Таъмини пардохти қарзи давлатӣ дар доираи таъмини нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, дар соли молиявӣ уҳдадориҳои қарзии пардохтнашуда дар назди созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва давлатҳои алоҳида вуҷуд надорад”, - гуфт Ҷамшед Каримзода.

40 миллиони дигар

Моҳи майи соли равон дар айни авҷи буҳрони сарзада дар пайи пандемияи COVID – 19 ҳукумати Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин ба мувофиқа расиданд, ки пардохти қарзҳоро ба маблағи умумии 40 миллион доллар то охири соли 2021 боздоранд.
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2020
Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?
Ин тасмими муштарак бо назардошти бартараф намудани паёмадҳои манфии пандемияи COVID – 19 ва ба хотири сарборӣ наовардан ба буҷети давлатҳо гирифта шуда буд, ки як ташаббуси созмонҳои бонуфузи байнулмилалии молиявӣ буд.
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
Эксимбонки Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон равобиташро бо ин бонк соли 2006 оғоз намуда, то имрӯз 18 созишномаи қарзӣ ба маблағи 1 миллиарду 550,7 миллион доллар ба имзо расондааст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон дошта буданд, ки ин маблағро барои фаъолиятҳои соҳаи тандурустии кишвар равона мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2021 қарзи Тоҷикистон аз Эксимбонки Чин 1 миллиарду 155,55 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон ба ҷуз Эксимбонк аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва ғайра низ қарз гирифтааст.

Воқеияти дигар

Дар ҳамин ҳол, афзоиши бесобиқаи қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 то куҷо барои кишвар хатар дорад, бахусус, ки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар гузашта “хатти сурх” барои ин кишварро дар ҳадди 40% - и ММД тахмин зада буд?
Коршиносон мегӯянд, агар сухан дар бораи замони қабл аз пандемия мерафт, тавсияи ХБА –ро мешуд ҷиддӣ гирифт, аммо ҳоло сухан аз як буҳрони ҷаҳонии беназир ва ношинохта меравад, ки на фақат иқтисод, балки зиндагии инсонҳоро таҳдид мекарду мекунад.
Нурулло Ҳусейнов, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, раҳоӣ аз ин буҳрон талошҳои ҷаҳониро тақозо мекунад ва кишварҳо маҷбуранд, ки аз ҳар роҳи шаръии раҳоӣ аз ин буҳрон истифода кунанд, бахусус, гирифтани қарз.
“Набояд аз қарз тарсид. Ба гунаи мисол, бино ба додаҳои расонаҳо, Қазоқистон бо он ҳама иқтидори иқтисодӣ беш аз 150, Ӯзбекистон ҳудуди 28, Туркманистон – 10, Қирғизистон – 4,7 миллиард доллар қарзи хориҷӣ доранд. Мушкил дар гирифтани қарз нест, балки истифодаи он аст”, - гуфт коршинос.
Тоҷикистон конҳое дорад, ки шояд яке аз хурдтарини онҳо барои адо кардани ин қарз кифоят кунад. Аммо барои даст ёфтан ба онҳо ҷиддӣ ва сидқан бояд кор кард, афзуд вай.
Зоҳиран, Тоҷикистон низ аз ин роҳ пеш меравад, ки барои иҷрои барномаҳои иқтисодӣ аз созмонҳои байнулмилаливу кишварҳои ҳамкори рушд сармоягузории бештар ҷалб кунад.
Давлатзода гуфт, буҷа аз таътили андозӣ дар пандемия чанд пулро аз даст дод
Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, соли 2020 ба ҳадафи ҷалби маболиғ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдошта 29 созишномаи нави қарзию грантӣ барои амалӣ кардани 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умуми 985 миллион доллар ба имзо расондааст, ки аз ин 700,4 миллион ё 71% - грант, 270 миллион ё 27% - қарз ва 14,6 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала