Ҳамлаи гов ба корафтодагон дар беморхона - видео

Дар Колумбия, як гови хашмгин ба бемороне, ки интизори қабули табиб буданд, ҳамла кардааст. Навори ҳодиса дар интернет нашр шуд
Тавре RT хабар медиҳад, қазия дар клиникаи шаҳрии Сан-Рафаэл, шаҳри Сан-Луис рух додааст. Гови калоне ғайричашмдошт аз даромадгоҳи асосӣ ба беморхона ворид шуда, ба корафтодагони беморхона ки интизори табиб буданд, ҳамла кардааст.
Камераи назоратии видеоӣ ҳамлаи говро ба зане, ки ба замин афтода буд ва дар кунҷе монда буд, сабт кардааст.
Кот выглядывает из новогодней елки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2021
Ваҳшонитарин ҳамлаи гурбаҳо ба арчаи солинавӣ - навори хандаовар
Тавре дида мешавад, ҳайвон ӯро на якбору дубор, балки чанд маротиба мезанад. Чанд мард кӯшиш мекунанд, ки говро аз бино берун кунанд, аммо ин кор ба онҳо дарҳол муяссар намешавад.
Баъди чанд муддат зан ба ҳар ҳол аз "чангал"-и ҳайвон халос мешавад.
Табибон ба зани маҷрӯҳ кӯмаки тиббӣ расониданд. Ҷароҳати бардоштаи вай сабук арзёбӣ мешавад. 
Ҳамчунин ба беморхона хисороти молӣ низ расидааст.
Маълум шудааст, ки соҳиби гов дар наздикии беморхона ба сар мебурдааст ва дар ҳамон рӯзи ҳодиса фирор кардаву ба бемористон сар халондааст.
Мард аз табибону зани маҷрӯҳ узрхоҳӣ кардаву гуфтааст, омодаи пардохти хисорот аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала