Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе

Наврӯз ба далоили беҳдоштӣ имсол дар Тоҷикистон на ба шевае таҷлил мегардад, ки солҳои қаблӣ ҷашн гирифта мешуд. Дар тасвирбаён маконҳо асосии чорабиниҳои идона дар Душанбе гирд оварда шудаанд

Ҷашни Наврӯз имсол дар Душанбе чор рӯз давом хоҳад дошт. Чорабиниҳои асосӣ 21 март дар назаранд.

Национальные танцы в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Дар Тоҷикистон таҷлили Наврӯз иҷоза шуд, аммо оммавӣ не

Имсол ҷашн асосан дар боғи "Курӯши Кабир" ва Боғи ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст. Гузашта аз ин, чорабинӣ ва консерт дар ду ҷойи дигар дар майдони Сино ва дар наздикии прокуратураи шаҳрӣ ва Боғи истироҳативу фароғатии ба номи Фирдавсӣ баргузор мегардад.

Дар Боғи марказии Рӯдакӣ сайругашти оммавӣ баргузор карда мешавад, аммо ташкили консерт ба нақша гирифта шудааст.

Дар мавриди мусобиқаҳои варзишӣ бошад, ба монанди гӯштингирӣ ва пойга низ дар "Наврӯзгоҳ" дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузор карда мешавад.

Боз як тӯҳфаи дигар ба Наврӯз ташкили намоишгоҳ-фурӯшгоҳҳои ҷашнӣ дар бозори "Меҳргон", "Саховат" ва наздикии майдони Қаряи Боло мешавад.

Ба иттилои шаҳдорӣ, дар ҳар яке аз боғҳои Душанбе аз пагоҳ то бегоҳ барномаҳои консертӣ ташкил карда мешавад, ки дар он гурӯҳҳои рақсӣ ва ситораҳои тоҷик ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Таббохони маҳаллӣ бо хӯроки миллӣ сокинонро шод хоҳанд кард ва занон коми душанбегиҳоро бо суманак ширин хоҳанд намуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала