Омад-омади президентҳо ба Душанбе: назорати ҷиддии ваксингирию вазъи эпидемиологӣ

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Обуна шудан
Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ваксинагузаронӣ дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Вазорати молия аз Вазорати тандурустӣ санад барои вориди ваксинаи зидди коронавирусро дастрас кардааст, ки дар навбати аввал ҳудуди 20 фоизи аҳолиро фаро хоҳад гирифт.
Брифинг, посвященый председательству Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества в 2020-2021 гг. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2021
Санаи ҳамоиши президентҳои давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе маълум шуд
Ба иттилои Каримзода, аз ҷумла эмгузаронии ҳудуди 1 миллиону 885 ҳазор нафар дар назар аст.  Ӯ илова намуд, ки барои беҳбуди вазъи эпидемиологӣ маблағҳо, аз ҷумла қарзу грантҳо равона хоҳанд шуд.
Ноиби вазири молия зикр намуд, ки феълан бо Бонки ҷаҳонӣ барои 21,2 миллион доллар грант музокирот доранд, ки ба муқовимат алайҳи оқибатҳои пандемия равона хоҳад шуд.
Каримзода инчунин аз нишасти бузурги роҳбарони кишварҳои минтақа, ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, зикр карда, афзуд, ки нақшаю чорабиниҳо барои беҳбуди вазъи эпидемиологӣ вуҷуд доранд, ки амалӣ хоҳанд шуд. Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ нимаи моҳи сентябри соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин робита вазъи эпидемиологӣ дар кишвар низ аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ мешавад.
Вакцина  Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Абдуллозода гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваксини русӣ эм мешаванд ё на
Қаблан Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷумҳурӣ дар феҳрасти 92 давлати дунё аст, ки бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бояд бо ваксинаи короновирус таъмин карда шавад.
Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад
Вазири тандурустӣ тавзеҳ дода буд, ки ваксинаи зидди бемории ҳамагири COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон дастрас мешавад.
“Нахуст рӯйхат тартиб дода мешавад ва онҳое, ки хоҳиш доранд, аз эмкунӣ мегузаранд. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд”, - изҳор дошта буд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ба иттилои расмӣ, тайи моҳҳои охир ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Таъкид мешавад, ки дар пандемия дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки аз  он 13218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0