Раҳимзода қазияи латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро шарҳ дод

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Раҳимзода Рамазон вазири умури дохила, даст доштани аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмон чанд нафар аз аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доранд.
Президент РТ Эмомали Рахмон и руководитель ОТО Саид Абдулло Нури на переговорах о мире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2020
Раҳмон: мо бо ҳизби наҳзат ягон созишномае имзо накардаем
Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ қазияи латукӯб ва маҷрӯҳ шудани блогери тоҷик бо номи "Борода"-ро аз сӯи ҳамватанони ӯ шарҳ дод.
Хомӯш набошем: Раҳмон дар бораи либос, наҳзатиҳо, айби зиёиён ва камбудии фикри мардум
Ба гуфтаи Раҳимзода, дар Олмон чанд ҷавон ҳамчун блогер сафҳаи интирнетии худ доранд ва яке аз онҳо, пас аз чанд соли дурӣ аз ватан ба Тоҷикистон омад ва таассуроти худро дар мавриди пешрафт кардани Ватан дар сафҳаи худ нақл кардааст.
Блогер ҳамаи ободонию созандагии Тоҷикистонро ба навор гирифта, аснои баргашт, пешрафти ватанро бо Берлин муқоиса кардааст.
"Азбаски ҷавонони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз пешрафти Ватан розӣ набуданд, аз ин рӯ блогерро мавриди сарзаниш ва латукӯб қарор доранд", - тавзеҳ дод вазири тоҷик.
Раҳимзода қайд намуд, ки ба сӯйи блогери тоҷик аз тапончаи пневматикӣ тир холӣ шудааст.
Ба изҳори вазири тоҷик, дар робита ба ин ҳодиса, чор нафар аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дастгир шуданд ва феълан ҷониби Тоҷикистон барои муайян намудани асли воқеа ба мақомоти марбутаи он кишвар мактуб ирсол намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала