Раиси ноҳияи Шаҳритус, гуфт прокуратура 69 қарорашро бекор кард

Надпись Я люблю Шахритус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Прокуратураи вилояти Хатлон 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бекор кардааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи "Фараж",  Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус ахиран  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, ки дар соли 2020-ум прокуратураи вилояти Хатлон 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бекор кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2020
Нигаронии Раҳмон аз иҷро нашудани барномаҳо, буҷа ва андоз дар Шаҳритус
Вай афзуд, аз ин шумор 69 –тоаш қарори худи ӯ будааст.
Раиси ноҳияи Шаҳритус таъкид дошт, ки 15 дарсади қарорҳои бекоршуда дар вилояти Хатлон қарорҳои худи ӯ будааст.
“Боқии қарорҳои бекоршуда аз соли 2015-ум то инҷониб, ки собиқ раисони ноҳия имзо карданд, ба ҳисоб мераванд”, — илова кард раиси ноҳия.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раис ва барқчии бозори марказии Шаҳритус баъди сӯхтор
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ додааст, ки соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала