Дар Тоҷикистон феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таҳия шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookВыставка достижений народного хозяйства в Гиссаре
Выставка достижений народного хозяйства в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Агентии содирот барои диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, инчунин дақиқ муайян намудани имконияти содиротии кишвар феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии содирот, феҳристи мазкур тибқи дастури дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон барои корбарӣ ба сохторҳои соҳавӣ пешниҳод гардидааст.
Ҳамчунон, феҳристҳои субъектҳои содироткунандаи маҳсулоти кишоварзию саноатӣ таҳия шуданд, ки айни замон дар баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2020
Вазорат: Тоҷикистон дар 8 моҳ ба маблағи 90 миллион доллар алюминии аввалия содирот кард
Шавкат Бобозода  директори Агентии содироти назди Ҳукумат ахиран таъкид доштааст, ки мақсад аз таҳияи ҳуҷҷатҳои зикргардида дақиқ муайян кардани имконияти содиротии кишвар буда, барои дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ кардани молу маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд.
“Дар самти содагардонии расмиёти савдо, Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои зеринро амалӣ намуда истодааст” , – қайд кард номбурда.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки барои гузариш ба Низоми содироткунандагони бақайгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои дахлдор сари вақт амалӣ шуданд, ки дар натиҷа сертификати гузариш ба низоми мазкур 1 декабри соли 2020 ба Тоҷикистон дастрас карда шуд.
Ҳамзамон Агентии содирот мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) муайян гардид.
Айни замон пешбурди кори Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Агентии содирот ройгон ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон дар он тариқи электронӣ амалӣ шуда истодааст, ки ба ҳадафҳои болозикр яъне ҳавасмандгардонӣ (бе пардохти маблағ — ройгон), содагардонии расмиёти савдо (ба тариқи электронӣ — бо сарфи вақт ва хароҷот) мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала