Баъди бурду бохт аз Урдун: Тоҷикистон мавқеяшро дар радабандии нави ФИФА тағйир дод

© ФФТФутбольный товарищеский матч между Таджикистаном и Иорданией
Футбольный товарищеский матч между Таджикистаном и Иорданией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол. Ки бори нахуст барои соли ҷорӣ нашр шуд, мавқеашро тағйир дод
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино ба радабандии нашркардаи ФИФА мунтахаби футболи Тоҷикистон миёни 211 кишвар бо 1144 имтиёз дар ҷойи 120-ум қарор гирифт.
Махмаджон Хабибуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Баъди истеъфо аз "Куктош": Ҳабибуллоев ба "Истаравшан" меравад
Дар садри ҷадвал чун ҳарвақта мунтахаби Белгия бо 1780 имтиёз дар зинаи аввал, яккачини Фаронса бо 1755 хол дар зинаи дуюм ва тими Бразилия бошад бо 1743 имтиёз мақоми сеюмро гирифтаанд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон болотар аз ҳама дар ҷойи 85-ум, Қирғизистон 96-ум, Қазоқистон 122-юм ва Туркманистон дар зинаи 132-юм нишастааст.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё дар ҷойи 22 қарор дорад.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта, дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Бадтарин нишондиҳандаи тими яккачини футболи кишвар соли 2003 буд, ки дар зинаи 180 қарор гирифт.
Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Усмон Тошев дар соли ҷорӣ ҳоло танҳо бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом дод, ки яке бо бохт (0:2) дигареро (1:0) бурд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала