Баҳси рушди дузандагию нассоҷӣ дар Тоҷикистон: 7,8 миллион ҷӯроб истеҳсол шудааст

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookШвейный цех ООО "Нассоджии Худжанд" по пошиву школьной формы
Швейный цех ООО Нассоджии Худжанд по пошиву школьной формы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ беҳбуди шароити корӣ дар соҳаи нассоҷию дузандагӣ баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 58,8 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир намудааст, иттилоъ дода шуд, зимни ҳамоиш дар мавзӯи рушди нассоҷӣ.
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020
Ба иттилои “Ховар” дар ин нишаст амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи кунунии корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа матраҳ гардид.
Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, иттилоъ додааст, ки соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хуб дошт.
“Соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 метри мураббаъ матои пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуда, 926 594 дона либоси мактабӣ истеҳсол шуд”, - изҳор доштаст Муҳаммадиев.
Барои рушди соҳа пешгирӣ аз воридоти ғайрирасмии маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таъмини рақобатнокии солим дар бозори дохилӣ, дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати бонкӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои босифати тиҷоратӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳои андозӣ, баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорони соҳа муҳим арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала