Бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт

© Свободная экономическая зона "Сугд"В СЭЗ "Сугд" ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Мақомоти ноҳияи Рашт эълон доштааст, ки бо кумаки соҳибкорони ноҳия 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳия Рашт дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” эълон кардааст, ки  дар ноҳия, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Дар шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта 14 корхона аз фаъолият бозмонд
Вай қайд кардааст, ки аз ҷумла, дар ноҳия коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулотҳои қаннодӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли хиштҳои сементиву пухта ва масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизотҳои лозимӣ ворид гардиданд.
Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизоту технологияи зарурӣ аз Чин ворид гардида, дар шафати корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм бинои нав омода шуда, дар муҳлатҳои наздик ба  истифода дода мешавад.
Мақомоти ноҳия зикр кардааст, ки дар 11 моҳи соли сипаришуда ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 45 миллиону 122,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҶСК “Ангишти Камароб” зиёда аз 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна ва 7 миллиону 980 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала