Дархости Аврупо аз Тоҷикистон барои афзоиши озодиҳои маданӣ дар ин кишвар

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксФлаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Намояндаи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар иртиботи тасвирӣ бо вазири хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе хост, ки барои беҳбуди авзои ҳуқуқи башар ва озодиҳои маданӣ дар ин кишвар талош кунанд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Дар нуҳумин нишасти маҷозии Шӯроии Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон, ки ба раёсати Августо Сантос Силва Augustoи Santosи Silva‎ намояндаи ин шӯро ва вазири хориҷаи Португалия ва низ  вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор шуд вазири хориҷаи Португалия аз ҳукумати Душанбе хост ба тавсияҳои интихоботии Шӯроии ҳуқуқи башари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар заминаи рафъи мавонеъ дар интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ амал кунанд.
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Аз иқтисод то амният: музокироти Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо
Дар ин бора радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба аз сомонаи Тоҷ Вик, хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Августо Сантос Силва   таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо аз барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии атбоъи ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.   
Вазири хориҷаи Тоҷикистони ҳам дар ин дидор аз кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба кишвараш дар шароити густариши вируси корона ташаккур кард. 
Дар ин нишаст ду тараф ҳамкориҳои ду ҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энержӣ ва авзоъи амниятии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала