Зимни азнавсозии роҳи Кӯлоб-Мӯъминобод 6 пул таҷдиду азнавсозӣ мегардад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие нового моста между селом Панджарийон села Гафор-Мирзо Ховалингского района и селом Синджи Муминободского района
Открытие нового моста между селом Панджарийон села Гафор-Мирзо Ховалингского района и селом Синджи Муминободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Мақомоти вилояти Хатлон эълон доштааст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод бунёду азнавсозии 330 иншоот пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, имрӯзҳо азнавсозии роҳи Кӯлоб-Мӯъминобод аз маҳаллаи Сангпари шаҳри Кӯлоб то даромадгоҳи ноҳияи Мӯъминобод, ки масофаи 35 километрро ташкил медиҳад, ба маблағи 223 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 6 пул таҷдиду азнавсозӣ мегардад.
Компания Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД укладывают асфальт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2020
Дар Мӯъминобод шоҳроҳи Деҳлолоро мумфарш мекунанд
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод таҷдиди 25 километр роҳи мошингард, таъмиру азнавсозии 4 пул, чароғонкунии қитъаҳои роҳ, ки аз маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд ва таъмири истгоҳу пиёдаравҳо ба маблағи 165 миллион сомонӣ анҷом дода мешавад.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия 13 корхонаи саноатӣ доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад.
“Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳия ҳамагӣ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекард. Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва бо саҳми соҳибкорон шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 64 расидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамчунин имрӯз дар ҳудуди ноҳия 3 беморхона бо 227 кат фаъолият дорад, ки барои пурра қонеъ сохтани эҳтиёҷоти сокинон нокифоя мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала