Диди дигар: аз аксҳои кайҳонии куҳҳои Қароқурум то саҳрои Кабир
18:08 22.02.2021 (Навсозишуда: 18:11 22.02.2021)
357
Оё шумо ягон бор дидаед, ки кӯҳи Фудзияма аз кайҳон чӣ гуна менамояд? Акнун барои ин ба шумо кайҳоннавард шудан шарт нест
Барои дидани намоҳои нуқтаҳои гуногуни Замин аз кайҳон дар асри ҷадид шарт нест, инсон кайҳоннавард бошад. Кофист, ки танҳо ба аксҳое, ки мо барои шумо интихобу ҷамъоварӣ кардаем, назар кунед.
Замин аз кайҳон ба куллӣ дигаркуна ба назар мерасад. Худи ҳамон кӯҳҳо, абрҳо, соҳилҳо ва ҷазираҳо аз фазои кайҳонӣ ғайриоддӣ ва баъзан шинохтанашавандаанд.
Кайҳонавардонро, ки чунин манзараҳоро мебинанд, хушбахт гуфтан мумкин аст. Ҳангоми сафар ба кайҳон, аксарияти онҳо дастгоҳҳои аксбардориро худро бо худ мегиранд, то баъдтар тамоми зебоиҳои сайёраи худро ба онҳое намоиш диҳанд, ки аз имконияти беназири дидани манзараҳои заминӣ аз кайҳон маҳруманд.
Мо дар гузориши тасвириии худ аксҳои дар замонҳои гуногун гирифтаи кайҳоннавардони Пойгоҳи байналмилалии кайҳониро ҷамъ овардем. Тамошо кунед ва лаззат баред.
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosАкси силсилакуҳҳои Қароқурум, ки Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст

Акси силсилакуҳҳои Қароқурум, ки Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosҶазираи Тупаи, ки шаклан ба дил монанд асту яке аз мавзеъҳои романтикии замин ба шумор меравад. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус бардоштааст

Ҷазираи Тупаи, ки шаклан ба дил монанд асту яке аз мавзеъҳои романтикии замин ба шумор меравад. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус бардоштааст
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosМасоҳати васеи биёбони Арабистонро доманакӯҳҳо ва тӯдаҳои бузурги рег, ки ҳоло шумо мебинед, ишғол мекунанд. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст.

Масоҳати васеи биёбони Арабистонро доманакӯҳҳо ва тӯдаҳои бузурги рег, ки ҳоло шумо мебинед, ишғол мекунанд. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст.
© Foto Soichi Noguchi / JAXAКӯҳи барфпӯши Фуҷияма, ки онро кайҳонаварди Ҷопон Соити Ногути гирифтааст

Кӯҳи барфпӯши Фуҷияма, ки онро кайҳонаварди Ҷопон Соити Ногути гирифтааст
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosПекини шабона, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст

Пекини шабона, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / Roscosmos Тӯфони регӣ, ки аз биёбони Сахара омада истодааст. Онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст.

Тӯфони регӣ, ки аз биёбони Сахара омада истодааст. Онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст.
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosВид из космоса на вулкан Этна на Сицилии, снятый российским космонавтом Сергеем Кудь-Сверчковым с МКС

7/14
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / Roscosmos
Вид из космоса на вулкан Этна на Сицилии, снятый российским космонавтом Сергеем Кудь-Сверчковым с МКС
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosЯке аз нуктаҳои ҷолиби табии Австралия, сангпораи Урулу

Яке аз нуктаҳои ҷолиби табии Австралия, сангпораи Урулу
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosБиёбони Душти Лут дар Эрон

Биёбони Душти Лут дар Эрон
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosКули африқоии Чад

Кули африқоии Чад
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosҶазираҳои сабз, ки истироҳатгоҳи Кабо Верде дар он ҷо ҷойгир аст

Ҷазираҳои сабз, ки истироҳатгоҳи Кабо Верде дар он ҷо ҷойгир аст
© Foto Soichi Noguchi / JAXAНурҳои шабонаи Порис, Фаронса

Нурҳои шабонаи Порис, Фаронса
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosАбрҳои нуқрагуне, ки онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст

13/14
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / Roscosmos
Абрҳои нуқрагуне, ки онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
© Foto Sergey Kud-Sverchkov / RoscosmosНамои кайҳонии Кабо Верде, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст

Намои кайҳонии Кабо Верде, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст