Се нафаре, ки бе падар ба вуҷуд омадаанд: Шӯрои уламо номашонро гуфт

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш номи се нафареро гуфт, ки ба иттилои ин ниҳод бе падар ба вуҷуд омадаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Абдухолиқ, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё дар дунё махлуқоте бе падар ба вуҷуд омадаанд.
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Аз санҷиши ҳарорат то салому ниқоб дар масҷидҳо: мулоқот бо имомхатибони Хуҷанд
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки  ҳазрати Одам (а), момо Ҳаво (рз) ва ҳазрати Исо (а) бе падар ба вуҷуд омадаанд.
Дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд.
Аз ҷумла Зарина суол кардааст, ки шавҳараш аз Русия тавассути телефон бо ӯ ҷанҷол кард ва тариқи паёмак “ҷавобатро додам” навишт.
“Пас аз чанд рӯз тамос гирифта, боз ҷанҷол кард ва ин дафъа навишт, ки “се бор миллион талоқат кардам”. Акнун пушаймон аст ва мехоҳад, ки дубора никоҳ кунем. Оё мо метавонем, ки дубора никоҳ кунем?”, - суол додааст Зарина.
Шӯрои уламо посух додааст, ки “лафзи “ҷавобатро додам” аз алфози кинояи талоқ аст ва дар ҳолати далолати ҳол ё вуҷуди ният бо ин лафз талоқ воқеъ мегардад”.
“Барои посухи саҳеҳ додан ба масъалаи шумо шунидани тафсилоти моҷаро аз забони худи шавҳаратон зарур аст, бинобар ин, дар сурати имкон шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунад”, - маслиҳат додааст Шӯрои уламо.
Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала