Қарори Додгоҳи иқтисодӣ: соҳиби бозори "Панҷшанбе" баъди 20 сол иваз шуд

© SputnikБозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд
Бозори Панҷшанбе-и шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Масъулини Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд мегӯянд, бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд пурра ба ихтиёри Иттифоқи “Тоҷикматлубот” гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Муҳаммадӣ Мирзоев, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд гуфт, дар бораи ба тавозуни “Тоҷикматлубот” гузаронидани бозори “Панҷшанбе” қарори Суди олии иқтисодӣ содир шудааст.
Ба иттилои ин масъули Хадамоти иҷро, ҳалномаи судӣ оиди ба моликияти "Тоҷикиматлубот" гузаронидани “Панҷшанбе” аз ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Фортуна” моҳи августи соли 2020 қабул гардидааст.
“Рӯзи 25 августи соли 2020 иҷроиши талаботи санади судии мазкур дар ин қисм пурра ба иҷро расонида шуда, бозори “Панҷшанбе” пурра ба ихтиёрдории Иттифоқи “Тоҷикиматлубот” баргардонида шуд”, - гуфт Мирзоев.
Бозори марказии шаҳри Хуҷанд - “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998 баъд аз 34 соли фаъолияташ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар муфлис гардид ва аз сӯи ширкати “Фортуна” хусусӣ шуда буд.
Рынок в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
"Ҳамагирии мурғҳо" ё қаллобӣ: чаро нархи тухм дар вилояти Суғд арзон намешавад?
“Панҷшанбе” яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, ки дар ду ошёнаи он ба гуфтаи масъулин 1280 соҳибкор фаъолият мекунад. Баъд аз солҳои 90-ум ҳоли аксар бозорҳои марказӣ дар шаҳру навоҳии кишвар абгор шуда, назорати фаъолияти онҳоро ширкатҳои хусусӣ ба зимма гирифтанд.
Ҳудуди 20 сол “Фортуна”, масъулияти таъмир ва нигоҳубини “Панҷшанбе”-ро бар уҳда дошт. Масъули Хадамоти иҷро ҳамчунин тавзеҳ дод, ки ба асоси ҳалномаи судӣ, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар навбати худ муваззаф шуд, ки ҳудуди 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба соҳиби қаблии бозор, ба ҷамъияти “Фортуна” супорад.
Парвандаи соҳибкори бозори “Панҷшанбе”: гӯшти куҳнаю сармозадаро ба фурӯш баровардааст
“Оиди рӯёнидани маблағ ягон мушкилӣ дида намешавад ва ҷамъияти “Фортуна” ба унвонии суд то имрӯз муроҷиат накардааст”, - қайд намуд иҷрочии суд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала