Милисаҳо як навраси кордхӯрдаро дастгир карданд: дар беморхона аст

Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Ду наврас бо ҳам ҷангу ҷанҷол карда, дар натиҷа яке бо корд дувуминро захмӣ кардаст: дар натиҷа милисаҳо ҳардуро низ дастгир карданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ду наврас дар Душанбе хабар медиҳад, ки яке аз онҳо феълан бо захми корд дар беморхона қарор доштааст.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболғи 17-сола дастгир шуданд", - менависад манбаъ.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳарду наврас, яке сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 17 сол дошта, дар пайи ҷанҷол ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд.
Сарзаниши падар: донишҷӯ сабаби ба декан корд кашиданашро гуфтааст
Гуфта мешавад, номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои "Маҷмааи варзишӣ", воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд.
Дар пайи якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Дар натиҷа нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала