Амри Президент барои озмуни бе фонограма миёни навозандаю сарояндаҳо: пул - 2,5 миллион

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПраздничный концерт на День матери
Праздничный концерт на День матери - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, амр додааст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар соли 2021 баргузор карда шавад.
ДУШАНБЕ, 22 фев— Sputnik. Бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати молия муваззаф шудааст, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президент барои амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ пули нақд ҷудо намояд.
Эмомали Рахмон на совещания с вице примерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон бо ҷудо кардани бештар аз 2 миллион як озмуни нав эълон кард
Тибқи низомнома, озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар номинаҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ миёни иштирокдорони аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 40 – сола гузаронда мешавад.
Дар ҳар гуруҳи синнусолӣ ва номинаҳо барандаҳои ҷои аввал 35 ҳазор сомонӣ, барандаҳои ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барандаҳои ҷои сеюм 15 ҳазор сомониро соҳиб хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.
Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян мекунад.
Омӯзгороне, ки  шогирдони худро дар радабандии синусолии аз 12 то 17 – сола  аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванду аз ҳисоби фонди захиравии раисиҷумҳур бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Инчунин дар ҳар як номиниатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ё худ Шоҳҷоиза пешбинӣ шудааст, ки мукофотпулии он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Муқаррар гардидааст, ки дар ҳар се номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу Озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ ва ғайра таълиф шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала