Бонки миллӣ иҷозатномаи кори “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” – ро тамдид кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозати фаъолияти ду ширкатро дар бозори бима ва аудити ҷумҳурӣ тамдид кардааст
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, муҳлати амали иҷозатномаи ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба итмом расид.
Шухрат Максудзода, глава государственной страховой компании Тоджиксгурта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
“Тоҷиксуғурта” гуфт, чанд кас замони пандемия пули суғурта гирифт
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор кардааст, ки бо роҳи тамдид ба ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шавад.
Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз 3 январи соли 2019 беэътибор дониста шудааст. Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидаст, ки оид ба қарори мазкур ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Инчунин Бонки миллӣ бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба ширкати  “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” тавассути аз нав ба расмият даровардан то 6 сентябри соли 2021 барои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, иҷозатнома додаст.
Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала