Генерали тоҷик бо ҳамтои эронияш амнияту табодули иттилоъро баррасӣ кард

© МВД РТВстреча министра МВД Таджикистана и министра МВД Ирана
Встреча министра МВД Таджикистана и министра МВД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ густариши ҳамкориҳоро дар умури амният баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Раҳимзода ва Фазлӣ дар Кохи Сомон, бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосирро баррасӣ кардаанд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири корҳои дохилии Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Раҳмон вазири Эронро қабул кард: аз амният гуфту санадро хотиррасон намуд
“Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карда буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар мулоқот зикр шуд, ки то ба имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.
"Вобаста ба ин сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала