Навори фуруди дастгоҳи Perseverance ба Миррих - видео

NASA видеоеро нашр кард, ки дар он ба Миррих фуруд омадани дастгоҳи Perseverance сабт шудааст. Видео тамоми марҳилаҳои ба Миррих фуруд омадани дастгоҳ ва ба чуқурии Езеро фуруд омадани онро фаро мегирад
NASA қайд кард, ки навор бо истифода аз чаҳор дастгоҳ сабт шудааст. 
Планета Марс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Замони кӯч додани одамон ба Миррих маълум шуд
"Аз лаҳзаи кушодашавии парашют, дастгоҳ тамоми раванди фаромаданро сабт карда, қисмати сафари дастгоҳро ба чуқурии Езеро дар Миррих нишон медиҳад", - таъкид кардаанд дар NASA.
Сабт дар вақти воқеӣ ва бо суръати тез чархонда мешавад. Пас аз он, дар видео лаҳзаи ба сатҳи Миррих наздик шудани киштии кайҳонӣ нишон дода мешавад. Ғайр аз он, ровер садоҳоро аз сатҳи Миррих сабт карда, ба замин интиқол дод.
NASA қайд кард, ки ровер бинобар мушкилоти нармафзор натавонист ҳангоми фуруд садоро сабт кунад, аммо дар ҳоле ки дар сатҳи Миррих ду садои кӯтоҳро сабт кард.
"Дар тӯли якчанд сония насими миррихӣ, инчунин садоҳои механикии ровер, ки дар сатҳи сайёра ҳаракат мекунанд, ба гӯш мерасад", - қайд карданд масъулини NASA.
Дастгоҳи Perseverance шаби 19 феврал ба Миррих фуруд омад. Раванди мазкур ҳафт дақиқа давом кард. Олимон боварӣ доранд, ки осори ҳаёт метавонист дар чуқурии Езеро дар Миррих боқӣ монад ва ровер онҳоро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ровер инчунин иқлими сайёраро меомӯзад ва намунаҳои сангҳо ва таҳшинҳоро ҷамъ меорад. Дастгоҳ дар Миррих 687 рӯз кор хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала