Эрдуғон дар варзишгоҳи худ зарбаи ҷаримавӣ зад - навори гол

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори бисёр шавқовари футболбозии раисҷумҳури Туркия нашр шуд, ки зарбаи ҷаримавӣ мезанад
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ифтитоҳи стадиони нави ба номи Гюрсел Аксел дар Измир ширкат варзид.
Стадион бахшида ба як варзишкори номии турк  Гюрсел Аксел ифтитоҳ гардидааст.
Дар видео дида мешавад, ки раҳбари Туркия ба майдони футбол меояд. Сардори давлат биноро муфассал аз назар мегузаронад.
Баъдан, ҳайат бо роҳбарии Эрдуғон ба майдони футбол меравад.
Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид
Дар идомаи видео дида мешавад, ки дар назди президенти Туркия тӯб гузошта мешавад. Пас аз каме интизор шудан, Эрдуғон суръатро баланд мекунад ва тӯбро мезанад.
Зарба хуб буд. Дар видео дида мешавад, ки дарвозабон ба самти муқобили тӯб меҷаҳад, аммо вуруди онро ба дарвоза пешгирӣ карда намешавад.
Навори бо голи Эрдуғон ба анҷом меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала