Бомба дар Ромит: хатар надорад, ба зудӣ метарконанд

© © Sputnik Снаряд найденный очевидцами в Ромите
Снаряд найденный очевидцами в Ромите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Дар пайи ташхиси кормандони милиса маълум шудааст, ки ин оҳан воқеан бомба буда, эҳтимолан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин ҷо партоб шуда, аммо инфиҷор накардааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат як бомбаи инфиҷорнашуда аз даврони ҷанги дохилӣ пайдо шудааст.
Лопата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2019
Сокинони Фарғона аз замин бомби 150 -килоӣ ёфтанд
Яке аз сокинони шаҳри Ваҳдат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин бомба дар ҳудуди деҳаи Шифо, собиқ Калтучи ҷамоати Ромит, канори роҳи мошингарди Ромит – Душанбе пайдо шудааст.
“Бомба дар теппае, ки дар канораш истироҳатгоҳи собиқадорону маъюбони мутааллиқ ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад, аз сӯи бачаҳои деҳа кашф шудааст. Бачаҳое, ки барои бонӣ кардани чорвояшон дар ин теппа бозӣ мекарданд, тасодуфан ба оҳани ғалатӣ бармехӯранд. Вақте заминро мекобанд, мебинанд, ки ин фақат қисмати охири бомба аст. Касе аз онҳо бомба будани онро фаҳмида, ба калонсолон хабар медиҳад ва онҳо дар навбати худ ба Раёсати милисаи шаҳр”, - гуфт ин манбаъ.
Дар пайи ташхиси кормандони милиса маълум шудааст, ки ин оҳан воқеан бомба буда, эҳтимолан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин ҷо партоб шуда, аммо инфиҷор накардааст.
Бино ба тахминҳо, ин бомбаи авиатсионӣ аз навъи бомбаҳои авиатсонии фугасӣ – ФАБ-250ТС ё ФАБ-250ТС буда, аз 260 то 500 килограмм вазн дорад.
Ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон чӣ мерос гузошт?
Дараи Ромит дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз маҳалҳои даргирии ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифонаш буд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин соҳа моҳҳои декабри соли 1992 ва январи соли 1993 чанд маротиба мавриди бомбаборон қарор гирифта буд.
Ба қавли сокинон, мутахассисоне, ки дар минтақа будаанд, гуфтаанд, барои инфиҷор додани ин бомбаҳо то 5 тон рег зарур аст ва замони инфиҷор тирезаҳои хонаҳо то 5 километр боз гузошта шаванд, то шиддати он паст бошад ва ҳам манзилҳоро тахриб накунад.
“Ҳоло соҳа таҳти муроҷибат қарор дорад. Мақомот гуфтанд, ки ба ҳамин зудӣ омодагиҳо гирифта мешаванд ва ин бомбаро хоҳанд тарконд”, - гуфтанд ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи иттилои расмӣ, дарёфт, безараргардонӣ ва инфиҷори таслиҳоти инфиҷорношуда, ба шумули бомбаҳои авиатсионӣ ва дигар ашёи хатарноки тарканда ба зиммаи нерӯҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала