Пашинян шарти истеъфоашро гуфт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Никола Пашинян
Премьер-министр Никола Пашинян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Обуна шудан
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гирдиҳамоии тарафдоронаш шарти истеъфоаш аз мақоми сарвазириро эълом кард
ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон имрӯз дар як гирдиҳамоӣ ҷонибдоронаш, шартҳои ба истеъфо рафтанашро гуфт.
Вай эълон кард, ки мавзӯи интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дигар матраҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Пашинян, худи мардум бояд тақдири ӯро ҳал намоянд.
"Бигзор мардум истеъфои манро талаб намояд, бигзор маро дар майдон парронанд", - танҳо дар ҳимин сурат сарвазир розӣ шуд, ки аз мақомаш барканор шавад.
Ҳамзамон Пашинян рақибонашро бо боздошт таҳдид кард.
Премьер-министр Никол Пашинян проходит по улицам столицы (25 февраля 2021). Еревaн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Пашинян мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарки Арманистонро намекунад
Дар ҳамин ҳол, мухолифин ба назди бинои Маҷлиси Миллӣ омада, дар назди бинои парлумон хаймаҳои худро ҷой карданд.
Вазорати дифои Арманистон изҳор дошт, ки дахолати артиш ба сиёсат ғайри қобили қабул аст, зеро он ба субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ки теъдоде аз кормандони полис - ҳозира ва собиқ - ба талаби истеъфои Пашинян ҳамроҳ шуданд.
Дар Арманистон мунтазам гирдиҳамоиҳо баргузор мешаванд, ки дар он истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд. Мардум аз моҳи ноябри соли 2020 ба кӯчаҳои пойтахт мебароянд.
Сокинони кишвар аз натиҷаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва шартҳои созишномаи баимзорасида бо Озарбойҷон ва Русия норозӣ ҳастанд.
Пашинян борҳо хабарҳои  истеъфоашро аз мақоми сарвазири Арманистон рад кард. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки акнун дар назди ӯ вазифаи таъмини субот ва амнияти кишвар истодааст.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео
Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.
Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.
Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.  
Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад:  ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд. 
Лентаи хабарҳо
0