Раҳмон имзо кард: стипендия донишҷӯ, магистр ва аспиранту докторантҳо 30% зиёд мешавад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар фармони боло бурдани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии кишварро имзо гузошт
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён чунин фармон судур шуда, ҳамзамон бар асоси он стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо зиёд мешавад
Бар асоси фармони раисиҷумҳур, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Аммо гуфта мешавад, ки ин ба стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД дахл надорад.
Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул гаштааст, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Эмомалӣ Раҳмон тасмими боло бурдани стипендияи донишҷӯёну магистр ва аспиранту докторантҳоро зимни ироаи паёми солонааш изҳор дошта буд.
Қаблан президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки на танҳо стипендия, балки нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбӣ низ зиёд карда шавад.
Зиёд шудани нафақа то 50 дар сад - аз киҳо?
Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи кӯдакони маъюб аз 1 сентябри соли 2021, ки бо қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи суғурта ва нафақаҳои давлатӣ" муқаррар шудааст, то 20% зиёд карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала