Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон боз дар як феҳристи СММ мақоми охирро гирифт

CC BY 2.0 / Alexander Svensson / REEM RobotРобот, архивное фото
Робот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳое, ки технологияҳо навро тақвият медиҳанд дар зинаҳои дар охир миёни кишварҳои ҷазираҳои Комор ва Шарқи Тимор қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Тоҷикистон дар феҳристи СММ оид ба тақвияти технология ва ворид намудани навоварӣ дар ҷои 143-юм қарор гирифтааст, гуфта шудааст дар гузориши технологӣ ва навоварии Конфронси СММ оид ба савдову рушд (UNCTAD). 
Эмомали Рахмон на совещания с вице примерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон бо ҷудо кардани бештар аз 2 миллион як озмуни нав эълон кард
Ҳамин тавр, дар феҳристи ҷаҳонии омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ ва Комор ҳамсоя буда, миёни 158 кишвари ҷаҳон дар ҷои 143 қарор гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон 0,10 имтиёз ба даст овард.
Дар ин феҳрист Амрико, Швейтсария ва Британиё пешсафанд. Дар охири феҳраст Яман, Гамбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго қарор гирифтаанд.
Дар баробари ин, Қазоқистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баландтаринро ишғол намудааст ва ин кишвар дар ҷои 62-юм қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Русия дар ҷои 27, Беларус 59, Арманистон 83, Озарбойҷон 100, Қирғизистон 115 қарор  гирифтаанд.
Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ин феҳрист шомил нашудаанд.
Рейтинг тибқи намояи тавсифкунандаи "қобилияти татбиқ, қабул ва мутобиқсозии технологияҳои пешрафта" асос ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала